Андар роҳи худшиносӣ бошем

    Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад.
     Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Ифротгароӣ дар кадом шакл, ки бошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Бинобар он ҳамеша ҳушёру зирак будан шарт аст.
    Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо омӯзгорон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Хонандагонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба роҳи дуруст ҳидоят менамоем Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.
         Ба хонандагон талқин менамоем, ки андар роҳи худшиносӣ устуворона қадам гузоранд.
Ситора Ҷӯраева,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи Донишкадаи политехникии
шаҳри Хуҷанд ба номи М.Осимӣ

Мақсад — рушди тафаккури зеҳнӣ

    280946195_375223311318058_6855884680651405736_nТаҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодааст.
Озмун аз рӯи ҳафт номинатсия ҷараён гирифта, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Деваштич ва Ҷаббор Расулов дар сатҳи баланди тайёрию ташкилӣ ва ғоявӣ сурат гирифтанд.
    Ғолибон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми озмун, ки дар маркази вилоят барпо мегардад, роҳхат гирифтанд.

(далее…)

Фестивали футбол.

     280338428_374790248028031_591654141232871666_n Санаи 15.05.2022 бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболи вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилоят барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои вилоят фестивали футбол ташкилу баргузор гардид. Ҳамзамон байни тарбиятгирандагони «Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Бӯстон, мактаб-интернатҳои шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамен, Б.Ғафуров мусобиқа гузаронида шуд. Дар натиҷа тарбиятгирандагони «Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ғолибиятро ба даст оварданд. (далее…)

«Дави миллӣ»

     2434324 Кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят ва зерсохторҳои он бо роҳбарии сардори Раёсати маорифи вилоят дар чорабинии варзишӣ – Рӯзи дави миллӣ, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола баргузор мегардад, санаи 15 майи соли равон фаъолона ширкат варзиданд.
      Туфайли ин тадбири муфид маорифчиёни вилоят дар беҳдошти бардамиву саломатии худ манфиати зиёд бардоштанд.

(далее…)

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-6 ОҒОЗ ГАРДИД

    280147728_373970594776663_5421544744372665300_nCанаи 14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.

(далее…)

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А

     Омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои созандаи   Пешвои муаззами  миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
     
      Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ ва бунёдии миллат ҷойгоҳи хосса дошта, Сарвари давлат тарбияи маънавии насли худогоҳу хештаншинос, маърифатпарвару саводнокро ояндаи неку дурахшони миллат арзёбӣ намудаанд. Ин нукта дар мулоқот ва суҳбатҳои хотирмон бо фаъолони вилоят дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Гулистон ва Ашт бори дигар зикр гардид. Аҳли вилоят, хосса маорифчиён, имрӯз дар қайди таассуроти пурнишоти ташрифи Сарвари давлат қарор доранд.
     Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафта ва нерӯманд бошад, бояд шавқу завқи насли наврасро нисбат ба муқаддасоти миллӣ, техникаву технологияи муосир, омӯхтани камаш се забони хориҷӣ боз ҳам қавитар намоем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо, қудратталабию азнавтақсимкунии ҷаҳон аз ҷониби  давлатҳои абарқудрат моро мебояд, ки насли босаводу аз лиҳози мафкуравӣ бойро тарбия намоем, то сипари давлат бошанд.
     Дар иртибот ба ин мо – омӯзгорон ва кормандони соҳа ба фаъолони вилоят, ҳамкасбон ва аҳли ҷомеа муроҷиат мекунем:
      Ташаккули худшиносӣ, ҳувияти миллӣ сарчашмаи ватандӯстӣ ва садоқату вафодорӣ ба обу хоки кишвар дар масири таърих шинохта шуда, дар оинаи зиндагии инсон нақш бастааст.
     Дар ин росто, Ҳукумати кишвар доир ба рушди маърифату тафаккур ва бо ин васила, ба пешрафти маорифи миллии даврони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ ва қарору барномаҳои бунёдӣ қабул кардааст. Дар ин самти муаррифии маорифи давраи Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳа аз зумраи ташаббусҳои судманди Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар меҳвари он таваҷҷуҳ ва дастгирии масъулини соҳаи маориф қарор дорад. Бинобар ин, мо, омӯзгорон ва аҳли маорифи вилоят раванди “маориф – шаҳсутуни ҷомеа”-ро муназзам бояд нигоҳ дорем ва бо азму субот ва донишу маҳорати педагогии худ устувор гардонем.
         Ҳамкасбони азиз!
         Пешравии кору фаъолият дар ҳамбастагиву муттаҳидӣ аст. Ҳамин меҳвари асосиро, биёед, барои расидан ба мақсаду мароми пешгузошта, ки омили ягонаи баланд бардоштани маърифати насли наврас, таҳсилоти фарогири замона, маҳорату малакаи омӯзгорон то сатҳи ҷаҳонӣ аст, аҳлона бо рисолати касбӣ дар иҷрои вазифа содиқона заҳмат кашем. Маърифату донишу тафаккури миллии воқеӣ аз ҷанбаи ахлоқ, дониш, адолати иҷтимоӣ ва таъмини арзиши инсонии ҳар фарди ҷомеа, алалхусус, омӯзгор бояд иборат бошад. Барои даст ёфтан ба ин раванд эҳёи миллии маънавибунёд, эҳсос ва рисолати худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баҳри бархурдории толибилмон шарт ва зарур аст.
      Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорон эътиқоду эҳтироми самимӣ доранд. Боиси шарафмандии мо, омӯзгорон, мебошад, ки Сарвари давлатамон дар ин бора иброз доштаанд: “Маҳз муаллим аст, ки  доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”. Дар партави баҳои баланди Сарвари давлат имрӯз зарурате пеш омадааст, ки қадр ва манзалати омӯзгорро боз ҳам боло бардорем. Афкору андешаҳои созандаи собиқадарони соҳаро барои тақвияти донишу малакаи шогирдон ва умуман маорифи миллӣ босамар истифода барем.
       Ҳаёти воқеӣ исбот кардааст, ки илму дониш, нерӯи зеҳнӣ – дар маҷмӯъ, маърифату маориф дар ҷомеа мавқеи калидӣ доранд ва таъмини рушди миллат, пешбурди маънавиёт ҳассагузор ҳастанд. Танҳо ташкилу баргузории озмунҳои фаннӣ ва иштироки доираи васеи хонандагон ба сабқати мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ далели он аст, ки ислоҳоти фарогири соҳаи маориф ҷанбаи эҳсоси худшиносиву меҳанпарастӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати самимӣ ба рушду ободи давлату миллат буда, насли ҷавони кишварро ба донишу маърифати бунёдӣ ҳидоят менамоянд.
Ҳамкасбони азиз!
      Мактабҳои намуди нав ва дигар паҳлуҳои соҳаи маорифи даврони истиқлол имрӯз муаррифгари мақому манзалати омӯзгор буда, хонандагонро дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамида ба камол мерасонанд. Ҳамчунин аз мо, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф тақозо менамояд, ки дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна  дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандони худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем. Махсусан, имрӯз баланд бардоштани сатҳи таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ, аз нав эҳё кардани машқҳои дастҷамъонаи таълимии ҳарбӣ ва ба ин васила  бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз вазифаҳои муҳими маорифчиён маҳсуб мешавад.
     Барои муҳайё кардани зиндагии шоистаи мардум мутахассисони соҳибкасб, навовар, ихтироъкор ва ташкилотчӣ заруранд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки аз сатҳи мактаб барои омодасозии кадрҳои замони муосир азму субот нишон диҳем.
       Итминони комил дорем, ки ҳамаи шумо — фаъолони вилоят, муроҷиати моро бо дарки масъулият ҷонибдорӣ менамоед ва дар ҳамбастагӣ баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон, пешрафти маориф ва маънавиёти ҷомеа саҳми арзишманд мегузорем.
         Омӯзгорони гиромӣ, шуморо даъват менамоем, ки дар ин масир ҳама якҷоя, бо камоли касбият ва масъулият чораҳои судман андешем, ки таъсир ва нуфузи мактабу маориф, таҳсилоту маънавиёти соҳа, сатҳи таҳсилоту маънавиёти насли наврасро баланд бардорем, онро ба раванди ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Ва он гоҳ нуфузи маорифи миллии ҷомеаи муосирамон низ назаррас хоҳад шуд.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи ҳайати
мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд,
12 май соли 2022, қабул шудааст
Смотреть статистику
Продвигать публикацию
 
9292
 
Комментарии: 11
Поделились: 125

Амалҳои некро бо қалб бишносем!

    Коршиносон ва ҷомеашиносон бар он назаранд: зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ ё худ фундаментализм, тундгароӣ – ба ифодаи дигар радикализм, ифротгароӣ – ин экстремизм ва даҳшатафканӣ ва ё худ бо ибораи маъмул – терроризм ин ҳама аз маҳрумиятҳои фикрӣ, андеша, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ асос мегирад, оқибат решаи пӯсида дорад. Ва қишрҳои камфаъол ё худ бо ибораи рехта – танбалу худхоҳ ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои аз ҷиҳати ирода суст шомил мешаванд. Ва дар натиҷаи амалҳои ғайриинсонии худ миёни ҷомеа, бахусус, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯровариву бадбинӣ, истибдод ва хушунат тавлид месозанд.
    Бино ба таъкиди коршиносон – ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист.
Ҳаёти воқеӣ собит месозад, ки одатан ҷавонон аз надоштани дониш, фаҳмиш, биниш ва кӯшиш ноогоҳона ба ҷараёнҳои ифротгароиву инсонбадбинӣ ҷалб мешаванд. Ва билохира, дар зеҳну шуурашон пур карда шудани ифроту хурофотро худ нафаҳмида, оқибат ба роҳи сарбаста банд мегарданд. Рӯйсиёҳон ба Ватан – модар, давлат ва халқу миллати хеш хиёнат мекунанд. Онҳоро мардум нобахшидаанду ҳеҷ намебахшанд.
Вазифаи мо чунин будаву ҳаст: ҷавононро ба роҳи росту мақсадҳои наҷиб раҳнамоӣ намоем. Саҳифаҳои таърих бозгӯянд: ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст, яъне ӯ бевосита даар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ ба миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан ва лаънаткардаи халқ мешавад.
    Омӯзиш ва таҳлилҳо собит менамоянд, ки аз фориғболии бархе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода бурдан, аз тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовутӣ ҷой доранд. Мутаассифона, падару модароне низ ҳастанд, ки ба ҳаёти фарзандони худ мароқ надоранд.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2-уми августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд.
     “Илмат ба амал чу ёр гардад…” – гуфтани бузургони каломи бадеъ басо муҳим дар ҳар давру замон дониста шудааст. Ва ё худ мутафаккирони бузурги аҳди қадим камолоту рушду рукуди ҷомеаро ба парваришу омилҳои рӯҳияи ҷавонон мансуб медонистанд.
    Муҳимтарин вазифаи омӯзгор аз ҳама пештару бештар ба омӯзиши ҳамаҷониба машғул шуданду расонидани андӯхтаву гирдоварандаи хеш ба дигарон мебошад. Мегӯянд, ҳар амал аввалу охир дорад. Дар ҳар замон донишу хирад вологавҳар аст. Бинобар ҳамин ҳам ҷавононро ҳамеша дар руҳияи меҳанпарварӣ, содиқ будан ба давлат, Ватану миллати куҳантамаддун тарбия намудан қарзи виҷдонии ҳар як фарди дилогоҳ мебошад.
    Ҷомеа тарбиятгари инсон буда, барои ҳар фарди худогоҳ мактаби бузург аст. Фарзандони вафодору садоқатпешаи ҷомеаи муосири мо имрӯз вафодори Ватану миллат ҳастанд. Онҳоро ҳаёт тақозо дорад, ки дар рушду такомули диёри арҷмандамон саҳм гузошта бошанд. Барои пешрафту шукуфоии он ҳиссагузорӣ намоянд. Ватандӯстӣ шарафмандист, масъулият аст ва баҳри ҳифзу оромии Ватан пайваста ҷидду ҷаҳд кардани ҷавонону наврасони диёр саодат, муҳаббат, ваҳдату шарафёр бувад. Дар ин росто мактабу маорифчиёни вилоятамон дар таълиму тарбияи ҳомиёни фардои Ватан ҳамеша комёбанд.
Ғафурҷон АМИНОВ,
сармуҳаррири нашрияи “Маорифи Суғд”,
узви ИЖТ

Ҳар кӣ бо душмании ҳалқ равон аст чу баҳр….

   Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаройӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайринсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузорад. Бинобар ин дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест, — мегӯянд коршиносону таҳлилгарон. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
    Ифротгароӣ ин ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро ба миён меорад. Ин мафҳумҳоро бояд ба ҷавонон саривақт зеҳинишин карда, онҳоро ба самти ҳушёриву зиракӣ ва садоқат ба Ватану миллат ҷалб намоем. Бетарафӣ ба инсони комилу равшанфикр хос нест. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини ин сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто, дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи замин нишонаҳояш ба назар мерасад. Воқеаҳои рухдода собит месозанд, ки терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Саркардагон ва тарҳрезони ҳаракатҳои ифротгаро оқибати фоҷиабори амалу кирдорҳои худро андеша накарда, кӯр-кӯрона гӯё ҷаҳду талош менамоянд. Даргиронидани оташ нисбат ба хомӯш кардани алангаҳои даҳшатбори он кори осон аст. Ҳаким Фирдавсӣ барҳақ фармуда: “Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд”.
     Афсусбор он аст, ки имрӯз оташ бари домони бархе аз оташафрӯзон часпидааст.
Ақли солим ва амалҳои нек барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ғайриинсонӣ — терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ бояд аз ҷониби ҳамаи доираҳо иқдом гирифта, баҳри баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҷавонон барномаҳои вижа роҳандозӣ карда шавад.
    Ҷавонони мо бояд ки аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакатамон эҳсоси баланди тафаккур дошта бошанд, ба қадри сулҳу оромӣ бирасанд ва онро арҷ гузоранд. Ин аст ҷавоби онҳо ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ!
Сафар Сафарзода,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
собиқадори соҳаи маориф.
Ноҳияи Мастчоҳ

Бетараф набошем!

    Ноболиғ гуфта шахсони ҳанўз ба камол нарасидаеро меноманд, ки дар иҷрои уҳдадориҳо мустақил нестанд. Мавқеи ҳуқуқии ноболиғон аз рўи хусусиятҳои фарқкунандаи синну солашон таҷрибаи кофии зиндагӣ надоштан, ба баъзе воқеаҳо пурра сарфаҳм нарафтан, оқибати кори худро нафаҳмидан муайян карда мешавад. Ана ҳамин хусусиятҳои фарқкунандаи ноболиғонро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои давлатӣ ҳимояи ҳуқуқҳои онҳоро ба воситаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ мемонанд.
     Яке аз санадҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои ноболиғонро ҳифз менамояд, ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 34 -и ин санад муқаррар карда шудааст, ки модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар моддаи 35 оварда шудааст, ки дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати ноболиғон манъ аст.
    Дигар санад марбут ба ҳифзи манфиатҳои ноболиғон ин Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки боби 14 –и он ба ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон ва хусусиятҳои ҷазодиҳӣ ба он бахшида шудааст. Дар ин санад қайд гардидааст, ки ноболиғ будани гунаҳкор ҷазоро сабук мекунад ва ҷазоҳое, ки ба ноболиғони бо қонун дар ихтилофбуда таъин мегарданд, бештар хусусияти тарбиявӣ доранд. Ноболиғон пеш аз мўҳлат шартан аз адои ҷазо озод карда мешаванд ё ҷазои онҳо ба ҷазои нисбатан сабук иваз карда мешавад.
   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз 18 марти соли 2015 таҳти №3 муҳимтарин санади ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои қудак мебошад, ки намояндаи қонунии кўдакро дар муносибатҳои ҳуқуқӣ-падару модар, фарзандхондҳо, васӣ, парастор ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда муқаррар кардааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷуда бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ба таври доимӣ озмунҳо мегузаронад. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва тандурустӣ ва сохторҳои маҳаллии он бо мақсади тақвият додани таҷрибаи таълими ҳуқуқии насли наврас дар шакли ташкил ва гузаронидани маърўзаҳои видеоӣ оид ба масъалаҳои тарбияи гендерии ноболиғонро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонад.
Ҳар як фарди ҷомеаро мебояд кўшишу талошҳои Сарвари давлатро ба инобат гирифта, дарк кунад, ки тарбияи насли наврас вазифаи ў ҳам ҳаст ва дар тарбияи ин қишри ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ бетараф набошад.
Ҳусния ДАВЛАТЗОДА,
омўзгори фанни ҳуқуқи МТМУ№20,
ноҳияи Айнӣ