Вобаста аз намуди маҳфил (ихтироъкорӣ, тахассусӣ, фаннӣ) мақсад ва вазифаҳои он гуногун мешавад. Агар мақсади ниҳоии маҳфили ихтироъкорӣ дар хонанда бедор намудани ҳисси ихтироъкорӣ ва иштирок дар озмунҳои гуногуни ихтирокорон ва навоварон бошад, мақсади маҳфилҳои фаннӣ васеъ намудани дониш, маҳорат ва малакаи хонанда ва иштирок дар озмунҳои гуногуни фаннӣ мебошад. (далее…)
Дар Кӯдакистон «Дилоро»-и шаҳри Хуҷанд, ба ифтихори 77-умин солгарди Ғалабаи бузург маҳфили идона баргузор гардид. Тарбиятгирандагони томактабӣ бо иштироки меҳмонон ёде аз диловариҳои зафармандон карда, суруду таронаҳои ҷангиро замзама намуданд. (далее…)
Боздиди сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд — Набизода Мадина Раҳмат аз фаъолияти муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзиши футбол, чавгон ва варзиши аспӣ»-и вилояти Суғд. Иттилоъ дода шуд, ки дар 16 маҳфилҳои муассисаи мазкур зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ҷалб гардидаанд. (далее…)
Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Истаравшан, нақшаи чорабинии Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан санаи 05.05.2022 дар Литсей касби техникии шаҳри Истаравшан бо иштироки 35 муассисаи таълимии шаҳр гимназияҳо ва литсей ба миқдори 350 нафар хонандагон чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯйи намудҳои «тирпаронӣ»аз яроқи ПВ «Сангбардори», «Турниккаши » ва намудҳои гуногуни варзиши сабук дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронда шуд, ки дар тарбияи ҳарби-ватандӯстии ҷавонон ва омодасозии онҳо нақши муҳим хоҳанд бозид. Ғолибон бо Ифтихорнаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии сардори раёсати маориф ва директори литсейи касбии техники сарфароз гардонида шуданад. (далее…)
Имрӯз аз тарафи кормандони муассисаи таълими миёна умумии №7-и ноҳияи Спитамен иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат карда шуд. (далее…)
Санаи 05 майи соли 2022 сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода М.Р. ба ноҳияи Зафаробод сафари кори намуда, аз муассисаҳои таълимии рақами 3 ва 13 дидан намуданд. (далее…)
Санаи 17 апрели соли равон се нафар хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1-и ш. Хуҷанд Хамитов Муҳаммадҷон, Раҳматов Мирзобаҳодур ва Низомиддинов Низомидин дар олимпиадаи даставии «Высшая Проба» https://olymp.hse.ru/coding/ , ки ташкилкунандаи ин олимпиада донишгоҳи ВШЭ аст иштирок карда буданд, сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Хонандагони литсей дар соли ҷорӣ бори дувум аст, ки ғолиби олимпиадаи байналхалқии барномарезӣ гардиданд. Ҳамасола хонандагони литсей дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ то 10 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро соҳиб мегарданд. (далее…)