ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ РӮДАКИХОНӢ

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара таҳти унвони «Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ» озмун баргузор гардид ва 138 нафар ғолиби даври мактабӣ — хонандагони синфҳои 3 ва 11 дар озмуни шаҳрии рӯдакихонӣ иштирок намуданд.
Озмун чунин натиҷа дод:

Дипломи дараҷаи 1 насиби хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 Ҳадятулло Мамадов; дипломи дараҷаи 2 насиби хонандагони литсейи №2 Иқбол Темурҷонов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 Нигора Фахриева; дипломи дараҷаи 3 насиби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Исроил Шамсидинов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 Хушноза Бобоева ва литсейи №1 Шукрулло Аҳадов гардид.
Дастаи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва хонандагони зерин бо диплом сарфароз гардиданд:

Мастура Қаҳорова (аз м.т.м.у. №5);
Маҳбуба Ҷӯраева (аз м.т.м.у. №10);
Билол Шерализода (аз м.т.м.у. №3);
Акрамҷон Мавлонов (аз м.т.м.у. №32);
Оминахон Раҳимова (аз м.т.м.у. №6);
Меҳрона Холиқова (аз м.т.м.у. №31);
Муслима Мамадова (аз м.т.м.у. №1);
Гулҷаҳон Икромова (аз литсейи №2);
Гулҷаҳон Каримова (аз м.т.м.у. №1);
Меҳрона Султонова (аз м.т.м.у. №1);
Хонандагони мактаб-интернати махсуси қувваи босираашон суст, ки аз ашъори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сурудҳо замзама намуданд, бо диплом қадр карда шуданд.

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИВУ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

     DSCF5014Бо дастгирии Мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар рафти суханрони муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ саҳми омӯзгоронро дар рушду нумуи вилоят наззаррас унвон намуда барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд.

   Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар вазъияти тантанавӣ ба чанде аз фаъолони соҳа ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Баъдан ба ҳамаи иширокчиёни конференсия, ки зиёда аз 200 нафарро ташкил менамуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд.DSCF5024

    Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои охир бо дастгириву пуштибонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, вазъи иҷтимоиву иқтисодии кормандони маориф рӯ ба беҳбуди ниҳодааст. Аз якуми сентябри соли ҷорӣ 15% зиёд гардидани музди маоши кормандони буҷҷетӣ аз ҷумла омӯзгорону кормандони соҳаи маориф боз далели ин гуна ғамхориҳост.

  DSCF5025Дар рафти чорабинӣ 68 нафар фаъолон, собиқадорон ва кормандони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

    Дар қисмати дигари чорабинӣ санъаткорон ва хонандагони муасассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ барои болидагии рӯҳии иштирокчиён сурудҳо дар васфи ватан ва омӯзгор сароиданд.

Авиамоделистони наврас» ғолибонашро муайян намуд

     Дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Авиамолеистони наврас» баргузор ва ғолибони он муайян гардиданд.
Ба озмун зиёда аз 30 номгӯйи кори хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд манзур карда шуд. Ҳайати ҳакамот ба корҳои эҷодии хонандагон баҳогузорӣ намуданд. Ҳамин тавр, дар бахши «Модели ҳавопаймои нақшавӣ» мақоми аввалро Абдуллоҷон Ҷумъаев (МТМУ №25), ду ҷойи дуюмро Азизҷон Юлдошев (МТИ) ва Мирзоҷамшед Ҳайитов (МТМУ№12) ва ду зинаи сеюмро Мухторҷон Почоҷонов (МТМУ №12) ва Аъзамҷон Муллоев (МТМУ №22) ба даст оварданд. рисунок
Дар бахши «Нусхаи авиамодел» ҷойи аввалро Акмали Ҳотамҷон (гимназияи №4), дар бахши «Электросамолёт» мақоми якумро Баҳоваддин Исмоилов (гимназияи «Гулчини маърифат») ва дар бахши «Ихтироъкорӣ» зинаи аввалро Андуш Ҷалолов (МТМУ №10) соҳиб гардиданд.
Ғолибони озмуни шаҳрӣ барои иштирок дар озмуни вилоятӣ, ки санаи 27.09.2018. дар ноҳияи Деваштич баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Бояд таъкид намуд, ки озмуни шаҳрии «Авиамоделистони наврас» бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техники онҳо роҳандозӣ гардидааст.

Истиқлолият ва таҳаввулот дар соҳаи маориф

    Боиси ифтихор ва саодати бузург  аст, ки чанд рӯзе қабл мо бо фараҳу шодӣ дар партави нури озодию истиқлол бо сари баланду дили гарм соли нави хонишро бо ҳазорон нияту орзуҳои наҷиб истиқбол гирифтем. Маҳз ба шарофати Истиқлолият ҷомеаи Тоҷикистонро комёбиҳои рӯзафзун ҳамрадиф асту ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадаDSCN3483ми мардуми кишварамон мебошад. Имрӯзҳо ҳар шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон шоҳиди бевоситаи муҳимтарин марҳилаҳои рушди бесобиқа ва ташаккулу такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатамон дар тӯли 27 соли Истиқлолият мебошанд.

     Ба ифтихори ин санаи таърихӣ,  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябр дар бинои филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Истиқлолият ва таҳаввулот дар соҳаи маориф» конфронси илмию назариявӣ доир гардид. Дар конфронс доираи васеи олимону устодони филиали Донишкада, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ширкат варзиданд.

    Чорабиниро директори ФМДДҶТИБКСМ дотсент Исматдинов Муҳаммад Эргашевич ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти Истиқлолият дар таърихи давлату давлатдории миллӣ, муҳимтарин марҳилаҳои рушди кишвар, дастовардҳои шоиста дар самти созандагиву бунёдкориҳо ва рушду такомули соҳаи маориф муфассал ибрози андеша намуд.

Баъдан тибқи барнома Дадобоев Ҳакимҷон, нозири ҳифзи меҳнати ФДҶТИБКСМ дар мавзӯи «Истиқлолият дастоварди бузурги давлатдории миллии тоҷикон», Юсупова Малоҳат, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ФДҶТИБКСМ таҳти унвони «Эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлолият», Ёдгорова Роҳила, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №7, н.Зафаробод пиромуни «Масоили ташаккули салоҳиятҳо дар низоми ислоҳоти соҳаи маориф»,  Боев Манзар, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №22, н.Зафаробод дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият», Ҷӯраева Муяссар, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии  ФДҶТИБКСМ роҷеъ ба «Истиқлолият ва рушду такомули тарбияи томактабӣ ва ибтидоӣ», Қосимова Хайринисо, омӯзгори забони англисии МТМУ №41, ш.Конибодом таҳти унвони «Истиқлолият – шиносномаи миллат», Норматова Раҳима, омӯзгори фанни математикаи        Гимназияи №1, ш.Гулистон дар мавзӯи «Истиқлолият ва масоили таҳсилоти пешрафта» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

              Бахши илм ва инноватсияи

ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд

Чиҳати рушди ҳамкорӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб

Чанд муддат қабл бо ташаббуси филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 300 нафар омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф — масъулини Раёсати маорифи вилоят, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони кабинетҳои   методӣ, мушовирони фаннӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони  пешқадаму навовар дар толори Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон семинари вилоятии дастурдиҳӣ баргузор гардид.

 Директори филиали Донишкада М.Исматдинов  роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои баргузории ҳамоиши мазкур, рушди ҳамкориҳои филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кабинетҳои методӣ , дастовардҳои ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд ҷиҳати пешбурди корҳои таълимию методӣ, илмӣ  сухан намуд.

IMG_6300Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд профессор  Каримзода О.Қ дар суханронии хеш роҷеъ ба раванди татбиқи ислоҳот ва созандагиву бунёдкорӣ дар соҳа, дастовардҳои муҳими маорифчиёни вилоят дар иртибот ба таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбати  соҳаи маориф ҳарф зада, баргузории чорабинии мазкурро дар самти татбиқи навгониҳо дар соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои илмӣ-педагогӣ, эҷодкорӣ, муайян намудани роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот муҳим арзёбӣ намуд.

Кори семинар дар 23 бахш: фанҳои гуманитарӣ, техникӣ, табиӣ -риёзӣ, муассисаҳои томактабӣ  ва таҳсилоти ибтидоӣ, бахшҳои марбут ба ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  идома ёфт.  Бахшҳоро омӯзгорони соҳибтаҷриба ва устодони соҳибкасб роҳбарӣ  намуданд. Дар ҷараёни кори бахшҳо доир ба масоили муҳими таълим, аз ҷумла навгониҳои раванди таълиму тарбия, ҳалли муаммоҳои ҷойдошта, ивази таҷрибаи пешқадам, истифодаи самараноку васеи он дар ҷараёни таълиму тарбия, коркарди роҳҳои самарабахши татбиқи таълими босалоҳият ва монанди инҳо мубодилаи афкор сурат гирифтанд. Қобили зикр аст, ки қабл аз оғози ҳамоиш иштирокчиён филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”-ро, ки доир ба амалҳои тахрибкорона ва моҳияти террористию экстремистии Ҳизби мамнӯъгардидаи наҳзати исломии Тоҷикистон нақл менамояд, тамошо намуданд. Ҳамчунин, тамошои филми мазкур бо иштироки омӯзгорону кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ  дар толори гимназияи №2-и ноҳияи Б.Ғафуров, иштирокчиёни семинари омӯзишӣ , ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барои омӯзишҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, гурӯҳҳои тоҷикӣ  ва русӣ  дар Осоишгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон  чараён дошт,, ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар омӯзгорон онро тамошо намуданд.  Пас аз анҷоми намоиши филми мазкур иштирокчиён — кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандорни соҳаи маорифи дар вилояти Суғд, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят,  омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо амалҳои тахрибкорона ва моҳияти террористӣ  ва экстремистии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум намуда, баҳри муборизаи беамон нисбати хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, озодию осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол якдилона Изҳорот қабул намуданд.

 

Ш.Рустамов,

номзади илмҳои  филологӣ

САЗОВОРИ 16 МЕДАЛИ ТИЛЛО

Дар Олимпиадаи байналмиллалии арифметикаи зеҳнии шаҳри Москва тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии “Пифагор”-и шаҳри Хуҷанд байни ҳамсолони худ аз Русия, Қазоқистон  ва Қирғизистон маҳорату дониши воло нишон дода, дар ҷамъбасти даставӣ бо гирифтани 5 ҷом ва 16 медали тилло сазовори мақоми аввал гардиданд. Боиси зикр аст, ки дар ин олимпиада хонандаи синфи 8 литсейи № 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ғайрат Усмонов дар зарфи 25 дақиқа 210 мисолро ҳал намуда, соҳиби унвони “Устоди арифметикаи зеҳнӣ” гардид.

Дастовард

Дар озмуни довталабони аттестати аълои унверсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестатӣ аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, ки дар таърихи 19 — 20 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ду нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ ва медали тилло, чор нафар хатмкунандагони литсейи № 1 -и шаҳри Хуҷанд бо аттестати равияи табиӣ-риёзӣ  ва медали нуқра сазовор гардиданд. Инчунин 5 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят барои иштироки фаъолона дар озмун бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.

БАДГУҲАРОНИ КӮРНАМАК

    Амали ноҷавонмардонаеро, ки рӯзи 29 июл дар шоҳроҳи Данғара- Душанбе дар мавзеи Себистон аз ҷониби чанд тан ҷавонони гумроҳ ба вуқӯъ пайваст, бо як ҷаҳон андӯҳу надомат қабул кардам. Ҳадафи ин амали ноҷавонмардона, ки аз ҷониби ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ дар ҳамбастагӣ бо ДИИШ тарҳрезӣ гардида, аз ҷониби пайравони гумроҳи он содир шудааст, ин халадор кардани оромии кишвар, латма задан ба мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистони орому осоишта, пеш овардани монеа барои вориди шумораи зиёди сайёҳон равона гардидааст.
Бале, рушди кишвари азизро баъзе нохалафон таҳаммул карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бо амалҳои ифроткоронаи худ мехоҳанд обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо паст зананд.
Ҳар амали бадро подоше ҳаст. Магар ин нафарон намедонанд, ки ин амали ноҷавонмардонаашон нафрати халқро нисбаташон меафзояд, дуои бади халқ мегирад. Маълум, ки барои ин ифротиён манфиати моддӣ аз манфиати халқу Ватан болотар меистад. Пас инҳо ватанфурӯшонанд, ки ба чанд фулусе оромию осоиши Тоҷикистони азизро иваз намудаанд. Ба истилоҳи дигар ин хоинони миллат кӯрнамак ҳастанд, солҳо нони миллати тоҷикро хӯрдаанд, дар беҳтарин таълимгоҳҳо аз омӯзгорон сабақ омӯхтаанд. Имрӯз бошад, саркардагони ватанфурӯши ҳизб дар кишварҳои Аврупо ба сар мебаранд ва сайёҳони онҳоро мекушанд.
Имрӯз мардум саркардагони ҷанги бемаънии таҳмилии солҳои навадуми қарни гузаштаро бо нафрату надомат ба хотир меоранд ва албатта, ин ҷавонони гумроҳи фурӯхташуда, ки ба номи саркардаи худ Ал- Бағдодӣ қасам ёд кардаанд, ба нафрати сахти халқ гирифтор мешаванд.
Бо ин кирдори нангин террористон ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданианд, ки мақсади бунёди давлати исломиро доранд. Аммо, давлати бунёдменамудаи онҳо чӣ давлате хоҳад буд, ки аслаш қатлу куштор, тарсу ваҳм, нафрат ба дигар дину фарҳанг аст?
Бо ин амали хоинонаи худ гумроҳони наҳзатӣ мехоҳанд тухми кинаву адоватро байни мардум паҳн намоянд. Ҳодисаи мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳар гуна ҷинояткорон бетараф набошем, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас ҷиддан саъй варзем. Имрӯз дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, барои ваҳдату ягонагӣ, аҳлию тифоқии дӯстиву рафоқат ва муҳимтар аз ҳама барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҷавонону наврасон беш аз пеш кӯшиш ба кор барем.

Осим Каримзода,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

ҲАЁТИ МУЗАФФАРРО ҲИФЗ НАМОЕМ

    Мардони рӯзгоршинос ҳамеша мекӯшанд, ки дар гуфтори хеш сухани малеҳ истифода кунанд ва дар фаъолияташон манфиати халқу Ватанро дар мадди ававал гузоранд. Онҳо нияту мақсад доранд, ки бо меҳнати садоқатмандона хонадони худро обод, мамлакатро шукуфоӣ оранд. Ҳаёти осуда, зиндагии ширин, сару баланду хотири ҷамъи халоиқ ормони онҳо аст.
Мардуми тоҷик толеи баланд доранд, ки таҳти роҳбариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии хуррамро соҳибанд. Тамоми гӯшаву канори мамлакат бо суръати баланд ободу зебо шуда истодааст, мардум саросар бо дили гарм бо истифода аз истеъдоду маҳорат меҳнат мекунанд.
Вале дар ҷамъият нафароне ҳастанд, ки чашмони ҳайвонӣ доранд ва ин ҳама тараққиёти Ватан, шодиву нишоти кулли мардумро дида наметавонанд.
Ҳодисаи нанговаре, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, дили бандаро абгор кард. Амале, ки чор хоин бо шаш ёвари худ кардаанд, ҳайвони ваҳшӣ ҳам ба ин дараҷа намекунад. Қисме аз онҳо ҳаёти худро бохтанд, боқимондагон дар торикистон мемонанд. Ин нотавонбинон ҳам падару модар ва наздикону пайвандон доштанд, наход онҳо рафтори фарзандонашонро мушоҳида накарданд? Имрӯз сари ҳамаи онҳо назди мардум хам ва забонашон кӯтоҳ шуда монд. Дар амали ҳар кадоми онҳо бемасъулиятӣ ва бетарафиро мебинам.
Рафтори ин нотавонбинонро сахт маҳкум намуда, пайравони онҳоро ёдрас мешавам, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, ҳаёти дилхоҳро соҳиб намешаванд.

Набиҷон Пӯлодов,
собиқадори соҳаи маориф

ҲАР АМАЛРО ПОДОШЕСТ

    Тариқи расонаҳои хабарӣ аз фоҷеае, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данҳара ба амал пайваст огоҳӣ ёфтам. Ин хабар қалбамаро моломоли дарду ҳам намуд. Магар мардуми ношукр фоҷеаҳои солҳои душвори ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш сохтаанд, ки боз ба чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд. Ҳанӯз даҳ аср муқаддам одамуушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ подош доштани ҳар амалро бо шоҳбайташ таъкид дошта буд:

Чун теҳ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Дар назди Худованд бадӣ нест фаромушт.

    Ҳикмати ин гуфтаҳо он аст, ки бояд ҳар амалро қабл аз вуқӯъ андеша бояд кард. Нохалафон зимни куштори шахсони бегуноҳ магар наандешиданд, ки фарҷоми ин кирдори ношоистаашон вой аст? Баробари ба нафрати халқ гирифтор шудан ин рафтори онҳо ба обрӯи сиёсии кишвари азиз лакнат зад.
Дилам баробари кушташудагони хориҷӣ ба ҳоли волидони ҷавони ифротии гумроҳшуда реш — реш мешавад, ки ин кирдори фарзхандони худро чи гуна таҳаммул мекарда бошанд? Аммо андешаи дигар маро ором намегузорад. Баъзе аз ин нафарон бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ аллакай мактабҳои террористии хориҷиро гузашта, дар зеҳну тафаккури худ ончунон нафрат ба халқ ва мардуми осоишта ҳосил кардаанд, ки оқибаташ вой аст.
Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.
Вале чанд тан ноҷавонмард бо амали тахрибкоронаи худ хостанд ба ҳамаи ин амалҳои нек хатти батлон зананд. Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.

Раҳматхӯҷа Зокиров,
мудири шуъбаи банақшагирӣ,
ояндабинӣ ва омори
Раёсати маорифи вилояти Суҳд