САТҲ ВА СИФАТИ ТАРБИЯ — АСОСИ ПЕШРАФТ

8W3A2161Дар  Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони вазир, муовини Раиси вилоят Назир Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, кормандону роҳбарони шуъбаҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни бинои кохи фарҳангӣ намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Вазири маориф ва ҳайати ҳамроҳони ӯ зимни азназаргузаронии намоиши мазкур ба фаъолияти илмӣ, вазъи пояи моддиву техникии донишгоҳу донишкадаҳо  баҳои баланд доданд. Ҳамзамон  аз ҷониби Вазир дастур дода шуд, ки донишҷӯёну омӯзгорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳар вақта дида бештар саҳм гиранд. (далее…)

Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

akademyaТибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дастаи хонандагони вилояти Суғд дар 40-умин сессияи баҳории ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Аз вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо наздик 300 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд бомуваффақият иштирок намуда бо касби 276 ҷойҳои ифтихорӣ, сазовори ҷойи аввал дар ҷумҳурӣ гардидаанд. (далее…)

ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ХОНДАГОНИ ВИЛОЯТ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

IMG-c013ef64750f67233433c2f087df544d-VСанаҳои 12 -13 майи соли равон  дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бори  аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ миёни хонандагони синфҳои 5-8 Олимпиадаи ҷумҳуриявии аз рӯи фанҳои дақиқ  баргузор гардид. Дар олимпиада 259 хонанда аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Шарафи вилояти Суғдро дар ин озмуни бонуфуз 58 нафар ғолибони даври вилоятӣ ҳимоя намуданд. Довталабон аз фанҳои физика, химия, математика, география, биология ва технологияи иттилоотӣ маҳорату дониши худро санҷиданд. (далее…)

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «ТЕХНИКОНИ НАВРАС»

teknik 7Дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи  Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ  ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашурматов озмуни вилоятии “Техникони наврас” баргузор гардид.

Мақсад аз гузаронидани ин озмун ҷалби бештари хонандагон ба равияҳои техникӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба озмуни “Техникони наврас”, омӯзиши техника ва ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб дар байни хонандагон аз тарафи масъулин арзёбӣ шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни баромади худ қайд кард, ки бо дастгирии мардуми саховатманди ноҳия, ҷомеаи омӯзгорон ва соҳибкорон тариқи ҳашар сохтмони бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ, ки соли 2002 дар натиҷаи сухтор корношоям гардида буд, барои фаъолият сохта ба истифода дода мешавад. Хушбахтона имрӯз корҳои сохтмонӣ ва пардозкунӣ ба охир расида, Маркази таҳсилоти иловагӣ дар арафаи ба истифода супоридан қарор дорад.teknik 12

Фирдавс Ашурматов директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд зимни суханронии худ иброз дошт, ки баргузории озмуни вилоятии «Техникони наврас» бозгӯ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф мебошад. Ӯ иброз дошт, ки даври минтақавии озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пуршукуҳ баргузор гардида аз 3000 иштирокчиён наздик 300 нафар хонандагони фаъол ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Озмуни вилоятии “Техникони наврас” аз рӯи 7 бахш – радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, машинаҳои ояндаи коинот, автомоделӣ, киштии ояндаи обӣ, шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ доир гардид, ки дар он беш аз 300 нафар хонандагон аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Инчунин ба ин озмун ба ҳайси довар Набиҷон Муҳаммадҷонов сармуаллими кафедраи технологияи ДДХ, Муродҷон Қӯзиев дотсенти кафедраи технологияи ДДХ, Валӣ Қобилов дотсенти Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон, Уктам Юлдошев корбари пешбари илмии Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Ҳусейнов мушовири маркази миллии патенту иттилоот дар вилояти Суғд ва Ҳакимҷон Шамсиев намояндаи маркази патенту иттилоот дар вилояти Суғд даъват шуда буданд.

Дар ҷамъбасти озмуни вилоятии “Техникони наврас” дастаи хонандагони шаҳри Хуҷанд ҷои аввал, дастаи шаҳри Конибодом ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Ашт ҷои сеюмро ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии “Техникони наврас” бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳамасола гузаронида мешавад.

9 МИЛЛИОН ТАМОШОБИНИ КЛИПИ КӮДАКОНИ ТОҶИК ДАР 7 РӮЗ! (ВИДЕО)

Смегулянка9 миллион тамошобин, 120 ҳазор «класс” ва 6500 бознашр дар ҳамагӣ як ҳафта! То ҳол ягон клипи тоҷикӣ дар Интернет мисли намоҳанг (видеоклип)-и таронаи машҳури «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи бачагони «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ин қадар шӯҳрати бузург ба даст наоварда буд!

Намоҳанг (видеоклип)-и таронаи машҳури солҳои Ҷанги ватанӣ бо номи «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи кӯдакони рақами 6-ум «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба фатҳи рекордҳои навбанав дар Интернет идома медиҳад. (далее…)

МАҲФИЛИ ЗАРИФОН СОҲИБИСТЕЪДОДОНРО ДАРЁФТ КАРД

    СнимокБо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои тозаи наврасони эҷодкор, ки дар жанрҳои нақшофарӣ, сурудхонӣ навозандагӣ, рақс, ровигӣ, осори гузаштагон, ҳосил намудани маҳорату малакаи баланди мунозира, муошират, таҳкими тарзи ҳаёти солим тибқи банди 10-и Низомномаи намунавии Раёсати маорифи вилоят ва таҷлили 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушдии истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, аз рӯи шартҳои зерин ҳунарнамоӣ намуданд:
1. Муаррифӣ ё саломнома – шарти аввали озмун маҳсуб ёфта, дар он ҳозирҷавобон ва хушдилон дастаи худро ба ҳозирин шинос намуда, доир ба мавзӯи муайяннамудаи кормандони маҳфил ва кумитаи тадорукот ҳунарнамоӣ менамоянд. (далее…)

БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРОНИ ВИЛОЯТ МИЁНИ ХОНАНДАГОН МУАЙН ШУД

    20180418_100939Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби хонандагон ба омӯзиши Барномаи олимпӣ ва машқҳои ҷисмонӣ бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 27.03.2018 таҳти №88 дар бораи гузаронидани 5-юмин Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят санаи 18.04.2018 даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ дар «Варзишгоҳ» — и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Дар ин олимпиада аз 14 шаҳру ноҳияҳои вилоят хонандагони варзишгар иштирок намуданд. Олимпиада аз рӯи бахшҳои зерин: супоридани тест оид ба тарбияи ҷисмонӣ, таърихи варзиш ва ҳаракати олимпӣ, қувваозмои дар се навъи варзиш: давидан ба масофаи 100м, танбардорӣ (барои писарон), афшурдан бо дастҳо аз замин (барои духтарон) ва ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷойи баромад карда, гузаронида шуд. 20180418_111354
Олимпиада чунин ҷамъбаст гардид : ғолибон байни духтарон ҷойи аввал Ҷумаева Лола хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи дуюм Ҳасанова Шукрона хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳри Исфара, ҷойи сеюм Самиева Ирода хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Исфара; ғолибон байни писарон ҷойи якумро Пронченка Леонид хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи дуюмро Холов Раҳматҷон хонандаи синфи 10 гимназияи №13 шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюмро Муҳаммадюсуфӣ Муродзод хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 57 шаҳри Исфара сазовор гардиданд.
20180418_103031Ҷамъбастӣ даставӣ: ҷойи якум насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи дуюмро варзишгарони шаҳри Исфара ишғол намуданд. Дастаи шаҳри Хуҷанд мақоми сеюмро касб намуданд.
Ҳамаи ғолибон аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо дипломҳо, медалҳо, сипосномаҳо ва Ҷоми Олимпиада қадрдонӣ карда шуданд.

СИФАТИ ТАЪЛИМРО БОЯД БОЛО БУРД

DSCF2984Бо иштироки аъзоёни шӯрои шуъбаи вилоятии хадамот, мудирон ва сармутахассисони бахшҳои хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ҷонишинони директори гимназияи №5 – и ноҳияи Ашт, литсейҳои № 5 ва 6 – и шаҳри Исфараҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.

         Ҷаласа таҳти роҳбарии мудири шуъбаи вилоятии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. ҷараёнгирифт.

         DSCF2983Аз рӯи масъалаи якуми кори ҷаласа сармутахассиси шуъба Баҳоваддин Хоҷаев дар бораи натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии вилоят, натиҷаи аттестатсияи гимназияи №5 – и ноҳияи Ашт, натиҷаи аккредитатсияи литсейҳои №5 ва 6 – и шаҳри Исфара гузориши муфассалдод.

         Дар идомаи кори ҷаласа фаъолияти семоҳаи аввали хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоятнатиҷагирӣ карда шуд. Қайд шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 аттестатсияи 53 муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки 25,2%-и нақшаро ташкил медиҳад. Аз 53 муассисаҳои таълимӣ 2 муассисаи таълимӣ шартан аз аттестатсия гузаронида шуданд,

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хадамот мониторинги сатҳи сифати таҳсилот гузаронида шуд, ки дар он 49710 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок дошта, дар натиҷа сифатнокӣ 37,7%, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 84,1%-ро ташкил намуд. Натиҷаи баланди сифатнокии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Ашт ва натиҷаи нисбатан пасти сифатнокӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Деваштич ва Спитамен муайян гардид.

Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов барои рафъи камбудиҳо ба масъулин дастур доданд.

МАШВАРАТИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ЗАБОНИ РУСӢ

    рафти дарсҲафтаи сипаришуда дар шаҳри Конибодом семинар-машварати вилоятии омӯзгорони забони русӣ баргузор гардид. Семинар аз рӯи нақшаи филиали хуҷандии Донишгоҳи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар кори он омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова иштирок намуд. Семинар-машваратро мушовири фанни забони русии раёсати маорифи шаҳри Конибодом Ҳабиба Зокирова сарварӣ намуд. Инчунин, дар семинар намояндаи Раёсати маориф Рустамҷон Ҳайдаров ва 30 нафар омӯзгорон фанни забони русӣ аз муассисасхои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.
Дар оғоз омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова баромад намуда, ба кори семинар барор хост. Сипас, омӯзгорон дар дарси намунавии омӯзгори пешқадами МТМУ№49 Мавлуда Сатторова дар синфи 9 ширкат намуданд. Дарс хеле шавқовар гузашта, хонандагон фаъол буданд. Омӯзгор тавонист аз усулҳои фаъоли таълим моҳирона истифода барад. Иштирокдорон аз семинар қаноатманд гаштанд.

    Баъди таҳлили дарс омӯзгорон Ҳошимова Н., Мамадҷонова М., Ҳакимова З., Абдуллоева М. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд, ки фарогири яке аз мавзӯи баҳсталабу муҳим «Ғанӣ гардонидани фонди луғавии хонандагон» буд.
Семинар аз ҷониби омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова мавриди ҷамъбаст қарор дода шуда, барои дар сатҳи баланду зарурӣ ташкил ва гузаронидани ин семинар баҳои баланд дода шуд.

«ҚАҲРАМОН МЕШАВЕМ»

кахрамонБо чунин ном нахустин китобчаи таҳиянамудаи узви ҲХДТ, омӯзгори собиқадор ва эҷодкори МТМУ № 27-и ноҳияи Мастчоҳ Саёҳат Аҳмедова бо теъдоди 100 нусха чоп шуд.

Китобчаи мазкур, ки бо дастгирию сарпарастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба табъ расидааст, бо гулчини суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи илму дониш, мактабу маориф ва мавқеи омӯзгор оғоз мешавад.

Дар идома мураттиб доир ба Қаҳрамонони Тоҷикистон маълумоти муҳиму судмандро пешниҳоди хонандагон намудааст. Як хусусияти муҳими ин маҷмӯа дар он аст, ки пас аз шарҳи ҳоли ҳар як қаҳрамон порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Саёҳат Аҳмедова ҷой дода шудаанд, ки хонандагонро ба ватандӯстию хештаншиносӣ, қаҳрамонӣ ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ даъват менамоянд.

Муҳаррир ва муаллифи пешгуфтор адиби шинохта, узви ИЖТ ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Нигоҳи халқ» Ҳасан Боқӣ буда, Мирзоюсуф Шарифзода — Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгори МТМУ №11 ва омӯзгори МТМУ №17 Муллошукур Шокирзода муқарризони китоб мебошанд.

Маҷмӯа аз ҷониби Муҳаммадалӣ Сафарзода саҳифабандӣ ва дар матбааи «Аврангпринт» нашр шудааст.

М. ОХУНЗОДА