ТАБИАТИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ

3Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»,  фаъол гардонидани маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар самти омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2020» ва тибқи нақшаи кории шӯъбаи “Табиатдӯстон” ва “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ”-и  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ашӯрматов Ф  намояндагон аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Меликбоева Ш. ва Каримов Ғ, мудирони шуъбаҳо,  мушовирон, роҳбарони маҳфилҳо ва наздик 50 нафар аъзоёни маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ оид ба ҳадаф  ва вазифаҳои қабул гардидани барнома,  ҳифзи захираҳои об, муаррифии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории табиат ва дигар масъалаҳо марбут ба муҳити зист баромадҳо шунида шуд.2

Ҳамчунин аз тарафи мудири шуъбаи «Табиатдӯстон»-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят викторина байни аъзоёни маҳфил ташкил карда шуда, ба ҳозирин филми 15 дақиқаи  “Тоҷикистон- сарчашмаҳои обҳои зулол” намоиши дода шуд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд.

Корманди масъули Раёсати муҳити зисти вилоят Каримов Ғ зимни баромад ба маҳфилчиён оиди ҳифзи табиат, парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз, захираҳои обҳои дохилии Тоҷикистон, рудхонаҳо ва пиряхҳо маълумоти комил дода, дар поёни баромад бо маҳфилчиён саволу ҷавоб оиди ҳифзи табиат анҷом доданд.

Дар поёни ҷаласа ба аъзоёни фаъоли маҳфили “Гулпарварони ҷавон” ва “Табиатдустони ҷавон” –и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз ҷониби маъмурият сипоснома ва туҳфахои хотиравӣ супорида шуд.

«Сипар» афсарону ояндагонро имтиҳон кард

20180221_113223Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 22.12.2017, таҳти № 304 санаи 21.02.2018 даври вилоятии озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сипар» дар қисми ҳарбии 35-01-и шаҳри Хуҷанд аз рӯйи 5 бахш:  машқҳои сафкашӣ,  мудофиаи шаҳрвандӣ ва  асосҳои дониши тиббӣ дар ҳолати расонидани ёрии аввалини тиббӣ, тирандозӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани автомати тамғаи Калашников  ва  варзиши сабук аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят гузаронида шуд. (далее…)

Адои хизмати Ватан- қарзи ҳар як шаҳрванд аст!

20180222_144932Тибқи нақшаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи дар толори Марказ чорабинӣ бахшида ба 25- солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар ин чорабинӣ аз коммисариати ҳарбии вилоят майор Қосимов Фирӯз – ёрдамчии калони сардори шӯъбаи даъват ва тайёрӣ ба хизмати ҳарбӣ, лейтинанти калон Иномов Саидҷон –сардори клуби варзшии Артиши гарнизони Суғд, аз қисми ҳарбии 3501 – и шаҳри Хуҷанд панҷ нафар афсарони қаторӣ ва 70- нафар аъзоёни маҳфилҳои Марказ ва роҳбарони маҳфилҳо иштирок намуданд.  Аз тарафи аъзоёни маҳфилҳои «Донандагони забони русӣ», «Суруди якка», «Ҳунарҳои миллӣ», «Донандагони забони англисӣ», «Буррандагӣ – дӯзандагӣ», «Бофандагӣ» ва «Машшотӣ» дар мавзӯи: Ватан, Тоҷикистон, Модар, Сулҳ шеъру суруд қироат намуданд. (далее…)

Китобхони беҳтарин муайян гардид

123Бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ва наврасон ба китобҳои бадеӣ ва китобхонӣ, баланд  намудани маҳорат ва малакаи эҷодкорӣ, ғанӣ гардонидани тафаккури онҳо, бахшида ба эълон гардидани Соли 2018 — соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» дар муассисаи таълимии №5-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи 7 бахш: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шаҳри луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда, аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд. Ба гуфти Фирдавс Ашӯрматов – директории маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар озмуни мазкур 22 нафар хонандагон- ғолибони даври минтақавии озмун аз 17 шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро хонандаи синфи 10, МТМУ 12-и ноҳияи Б. Ғафуров Саиднабиева Мунзифа соҳиб шуд. Зинаҳои баъдиро Давронов Рамшед, хонандаи синфи 11, МТМУ №2-и шаҳри Гулистон ва  Убайдуллоева Сайҳона, хонадаи  синфи 9, Гимназияи №5- и ноҳияи Ашт ишғол намуданд.

Ғолибони озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳо хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд ва инчунин ҳамаи  иштирокчиёни озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Қобили таъкид аст, ки дар даври минтақавӣ ва вилоятии озмун наздик 3000 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

СУХАН АЗ БУРДУ БОХТИ МАОРИФЧИЁН

DSCF2667Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729 нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ сухан оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2017 ва тараддудҳои имрӯзаи ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз  рафт.

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» «Омӯзгор»,«Тоҷикистон», «Азия плюс»,  «Фараж», «Корвони умед», «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда», «Сухани халқ», «Нилуфар», хабарнигорони ТВ «Суғд»,  ШТР «Азия», ШТР «СМ-1», ШТР «7 ситора»,  хабарнигорони радиоҳои вилоят, «Пайванд», «Шаҳри ман»  ва дигар кормандони васоити ахбори омма дар маҷмӯъ 33 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳузур доштанд. Мудирони шуъбаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия низ иштирокчиёни нишаст буданд.

Аввал, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд О.Қ. Каримзода ҳозиринро бо натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилояти Суғд дар соли 2017, барору камбудиҳои ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои таълимӣ муфассал ошно сохт.

Аз ҷониби сардори Раёсати маориф зикр шуд, ки маорифчиёни вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҷаҳду талош варзида,  ба як қатор  натиҷаҳои дилписанд соҳиб шуданд.  Ҳамчунин зикр шуд, ки бори нахуст дар миқёси вилоят бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш олимпиада байни хонандагони синфҳои 5 – 8 аз панҷ фанни таълимӣ (табиӣ — риёзӣ) гузаронида шуд, ки дар он 270 нафар хонандагони болаёқат иштирок доштанд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ, даставӣ ва номӣ 59 нафар хонандагони муассисаҳои вилоят ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ, аз ҷумла 16 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм ва 30 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. 125 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва  87 нафар ғолибони олимпиадаи фосилавии давлатҳои Амрико, Фаронса ва Тайван гардиданд. 16 нафар  хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил  гардида буданд,  аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ ва 5 нафар омӯзгорони онҳо  аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ, ҷамъ бо 268 ҳазор сомонӣ  мукофтопулии яквақтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардиданд.

 Икромова Раъно  – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии № 14 — и ноҳияи Б. Ғафуров ва Исмоилова Меҳрангез — мураббияи кӯдакистони №8 — и ноҳияи  Б. Ғафуров ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими соли Тоҷикистон-2017” ва “Мураббии соли Тоҷикистон -2017” гардиданд.

Баъди суханронии муфассали сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд  О.Қ. Каримзода байни ў ва хабарнигорон муколамаи хеле ҷолиб сурат гирифт.

Хабарнигорон Сайфулло Махкамов, Ҷовиди Аштӣ, Мирзоаъзам Мақсудов, Фарзона Муродӣ, Мӯниса Атаева, Ҷамшед Маъруфов, Ҳалимҷон Ҷӯраев, Мадина Почоева, Нодира Худойдодова ва Озод Мелибоев оид ба масъалаҳои мухталифи фаъолияти маорифчиёни вилоят ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия пурсишҳо ба амал оварданд.

Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят О.Қ. Каримзода ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят О.Қ. Каримзода дар сухани хотимавиаш ба рўзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар нишаст ва барои ҳамкории муфидашон бо маорифчиёни вилоят самимона изҳори сипос кард.

Нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори умум хеле пурманфиат ҷараён гирифт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Ҷамбасти даври вилоятии озмуни «Шохмот, футболи хурд ва тенисси руи мизи»

26994252_882102878628235_2964879388379225403_nДар асоси нақшаи чорабинихои Раёсати маорифи вилояти Суғд дар якчояги бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва нақшаи таътили зимистонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ҷамбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯи миз ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои 8 — 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бахшида ба таътили зимистона дар МТМУ№ 2 шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи хаёти солим байни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб доир гардид.

Ба гуфти директори маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов озмун дар ду давр (шаҳрӣ ва минтақавӣ) баргузор гардида, даври минтақавии  озмун дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчҳ, Спитамен ва Айнӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. 27067565_410471632716951_1784795906363378582_n
Дар натиҷа маълум гардид, ки аз рӯи намуди шоҳмот ҷои якум дастаи Панҷакент, ҷои дуюм насиби дастаи Исфара ва ҷои сеюм насиби дастаи Мастчоҳ, аз руи намуди тенниси руи миз ҷои якум насиби дастаи Хуҷанд, ҷои дуюм насиби дастаи Спитамен ва ҷои сеюм насиби дастаи Конибодом, аз рӯи намуди футболи хурд ҷои якум насиби дастаи Истиқлол ва ҷои дуюм насиби дастаи Хуҷанд ва ҷои севум насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Дар умум дар чорабинии мазкур наздик 3 ҳазор хонандагон ҷалб гардиданд.27336274_882100965295093_6490498942288145466_n

Дар фарҷом ба голибони озмун диплом, сипоснома ва туҳфаҳои Раёсати маориф вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд супорида шуд.

ПАЁМ – РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

DSCN2999Дар Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар  вилояти Суғд таҳти унвони «Паём – раҳнамои имрӯзу фардо» конфренсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш олимону устодони филиали донишкада, шанавандагони курсҳои такмили ихтисос – омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик ширкат варзиданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд, дотсент Муҳаммад Исматдинов  ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Малоҳат Юсуфова, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии  ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти СуғDSCN3029д, Марҳабохон Ҳошимова, директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Б.Ғафуров,  Мирраҳим Муродов, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии донишкада,  Алиҷон Каримов,  омӯзгори  фанни забони русии Гимназияи № 2-и ноҳияи Б.Ғафуров  доир ба мазмуну мӯҳтавои созандаи Паём андешаҳои худро баён доштанд.

Дар маросими ҷамъбасти марҳилаи аввали курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ба 500 нафар омӯзгорони  МТМУ – шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ҳуҷҷатҳои хатм супорида шуданд.

                                                                                                                                                    Абдусабури Абдуваҳҳоб

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – КОРИ ҲАМА

DSCF2599Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, роҳбарони сохторҳои зертобеи Раёсат, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят  семинари  муштараки Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

Дар кори семинар Қодирҷонзода А.К.-сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия, Мутавалиён Шоира Абдувалӣ- сарнозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Агентӣ, майори адлия ширкат варзида, масъала оид ба ҷараёни татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар соҳаи маориф мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

         Нахуст сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида,  оид ба корҳои иҷрошуда дар самти таъмини татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар соҳаи маорифи вилоят мухтасар гузориш дод.

         Дар суханрониҳои Қодирҷонзода А.К. ва Мутавалиён Шоира Абдувалӣ хулосаҳо оиди натиҷаҳои санҷиши фаъолияти кормандони Агентӣ дар мавриди муқовимат бо фасодкорӣ дар дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардиданд.

    Баромадкунандагон бо мисолҳои мушаххас камбудӣ ва норасоиҳои ошкоргардида дар самти мубориза бо коррупсияро зикр намуда, ҷиҳати ислоҳи он дастурҳои муфид доданд.

    Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияи Деваштич З.Иброҳимов, шаҳри Гулистон М.Бобозода ва шаҳри Хуҷанд И.Султонӣ ба музокира баромада, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо фикру мулоҳиза баён доштанд.

    Сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. дар фарҷоми семинари омӯзишӣ барои боз ҳам пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо  кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд андешаҳояшро баён дошт.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

ДАХОЛАТИ БАРВАҚТӢ ҚАДАМЕ ПЕШ БА СӮИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

DSCF2577Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Институти «Ҷамъияти  Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон чанд сол мешавад, ки дар чорчӯбаи барномаҳои  «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»  ва “Тандурустӣ” бозомӯзии “Дахолати барвақтии кӯдакон”- ро гузаронида истодааст.  Ин бозомӯзӣ барои намояндагони сохторҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор гардида истодаанд. (далее…)

АНЪАНА ИДОМА МЕКУНАД

Дар давраи таътили тобистона ва зимистона ба истироҳату фароғат ҷалб намудани собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони пешқадаму навовар, устодони касбу кори худ ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Соли равон низ ин анъана идома ёфт ва бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100 нафар  кормандони соҳаи маорифи вилоят аз санаи 19 январ дар осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд. Соли сеюм аст, ки ин иқдоми  шоиста амалӣ мегардад ва кормандони соҳаи маориф баъди табобату истироҳати бофароғат бо нерӯи тоза фаъолияти тарбиявии худро идома медиҳанд.

Тибқи нақшаи Раёсати маорифи вилоят бо мақсади хушу гуворор ҷараён гирифтани фароғати  маорифчиён ташкилу баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангию оммавӣ- шабнишиниҳои адабию бадеӣ, мулоқот бо адибону санъаткорон, вохӯриҳои мухталиф доир мегарданд.

Истироҳаткунандагон аз ин зуҳуроти неки ғамхорӣ  хеле сипосгузоранд.