НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТӢ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

   DSCF9158Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сарварони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷалсаи навбатӣ доир гардид.
Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов дар ин бора гузориш дода, зикр дошт, ки дар баробари пешравиҳо ҳанӯз дар соҳа камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки иҷрои саривақтии он боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия мегардад. Сарварони хадамотҳои шаҳру навоҳии Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Ашт ва Масчоҳ доир ба фаъолияти кориашон маълумот доданд.
DSCF9173Сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев аз натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол, натиҷаи рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо гузориш дод.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов зимни ҷамъбасти ҷаласа аз роҳбарони Хадамотҳои шаҳру навоҳии вилоят даъват ба амал овард, ки дар робита бо мудирони методкабинетҳо бештар аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дидан намоянд, барои беҳтаршавии фаъолият дастурҳо диҳанд.

БО АЗМУ МАСЪУЛИЯТИ ҚАТЪӢ

    DSCF9106Дар  маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки аъзоёни Шӯро ва сардорони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии сардори Хадамот Абураҳим Қурбонов оғоз ёфт.
Сармутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Марҳабо Маъмурова, Баҳоваддин Хоҷаев ва Акрамҷон Аслонов аз натиҷаи аттестатсияи гимназияи №6, МТМУ№68 -и ноҳияи Ашт, МТМУ №17-и шаҳри Панҷакент, натиҷаи аккредитатсияи Гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич, натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Панҷакент, натиҷаи ҷамъбасти рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси нишондиҳандаҳо  гузориш доданд.
DSCF9112Зимни баромадҳо зикр шуд, ки санҷиши аттестатсияҳо нишон дод, ки ҳанӯз дар самти татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда фаъолият ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда, ҳамзамон пояи моддиву техникии муассисаҳо заиф аст.  Таъминоти кадрӣ низ беҳбудӣ мехоҳад.
Дар суханронии муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оид ба омодагии муассисаҳои таълимии вилоят ба низоми нави қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, ҳолати китобхонаҳо ва натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, вазъи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба маъракаи сиёсии интихобот андешаҳо баён шуданд.
Бо тасдиқи нақшаи кории барои нимсолаи аввали соли 2020 ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Бо талошҳои пайгирона

*Ҷаласа

20190709_101614Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор гашта, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд.
Дар ҷаласаи Шӯро чаҳор масъала, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар нимсолаи аввали соли 2019, тасдиқи нақшаи кории шуъбаи зикргардида барои нимсолаи дуюми соли 2019, таҳлили рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳо ва ҳисоботи мудири бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Исфара оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти кори роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. (далее…)

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

ҶАЛАСА

 
20190619_090914Санаи 19. 06.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд. (далее…)

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

   Санаи 15.03.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
20190315_100320Дар кори Шӯро мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят, гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон, литсейи №5, 6-и шаҳри Исфара, муовини директори литсейи №1-и шаҳри  Бӯстон, сармураббияи Кӯдакистони Президентӣ ва роҳбари идоракунии сифати таҳсилоти Мактаби Президентӣ иштирок доштанд. (далее…)

ФАЪОЛИЯТ МАСЪУЛИЯТРО ТАҚОЗО ДОРАД

DSCF7153Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар кори Шӯро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов С.А., мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, литсейи №1-и шаҳри Конибодом, литсейи №2-и шаҳри Исфара, кӯдакистони №1-и шаҳри Бӯстон, литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ, гимназияҳои №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва №5-и ноҳияи Ашт, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд. (далее…)

«КОНСИТИТУТСИЯ ОРАД БАХТУ САОДАТ»

    Тибқи нақшаи кории Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят санаи 5 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи « Конститутсия орад бахту саодат» бо аъзоёни маҳфили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон дар литсейи №1 мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Бӯстон, кулли омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок карданд. Мизи мудаввар бо шеърхонии хонандагон оғоз шуда, дар рафти чорабинӣ хонандагон дар бораи таърихи қабули Конститутсия дар давраи ИҶШС ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Ҳамчунин, панду андарзҳои муттафаккирони тоҷик оиди ин мавзуъ гуфта шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ хонадагон оиди аҳамияти омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, бо суруди умумӣ дар васфи Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

Сухан аз натиҷаҳои фаъолияти нимсола

*Мушовара

      01Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо иштироки муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

     Дар ҷаласа муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят ва роҳбарони зерсохторҳои он, сардорони раёсат, мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

     Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои мубрами соҳаро  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аввал муовини сардори Раёсати вилоят С. Раҳматов ҳисоботи раёсатро дар нимсолаи аввали соли 2018 пешниҳоди ҳозирин намуд.Сипас нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуввуми соли 2018 баррасию тасдиқ гардид.

    Мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят А. Қурбонов оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт  гузориш дод.

     Аз ҷониби сармутахассисони шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Б. Хоҷаев, шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсат Д. Сатторова оид ба рафти иҷрои қарорҳои мушовараи Раёсати маорифи вилоят, Шӯрои Хадамоти давлатии назорат дар раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ, оид ба рафти омодагӣ ба баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дода шуданд.

     Директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ф. Ашӯрматов дар суханрониаш натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои  водии Зарафшонро ҷамъбаст намуд.

    02Муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ дар назди масъулини соҳа оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла, азнавсозӣ ва таъмиру тармими биноиҳои муассисаҳои таълимии садамавӣ, бартараф намудани норасоии синфхонаҳои иловагӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ, таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ, харидории компютер таъминоти муассисаҳои  таълимӣ бо омӯзгорони ихтисосманд, барҳам додани фаъолияти омӯзгорони ғайрисоҳавӣ ва ғайриихтисос, ташкилу  баргузории аттестатсияи такрорӣ, қабул ба зинаи сеюми таҳсилот,  ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва худкушиву сӯиқасд ба он аз ҷониби ноболиғон, тайёрӣ ба фасли сармо вазифагузорӣ намуд.

      Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аъзои ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор қабул карданд.

ДАР ИҶРОИ ВАЗИФАҲО МАСЪУЛ БОШЕМ

DSCF2469Чорабиниро мудири шуъба Абдураҳим Қурбонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. Аз рӯи масъалаи аввал аъзоёни шурои  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф лоиҳаи нақшаи кориро барои нимсолаи аввали соли 2018 қабул намуданд.

Баҳоваддин Хоҷаев, сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят дар бораи натиҷаҳои аттестатсия дар литсейи рақами 5-и шаҳри Исфара ва гимназияи рақами 1-и ноҳияи Ашт, рафти татбиқии Низомномаи  намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №256) дар “Кӯдакистони Президентӣ”-и вилоят, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2009,  №445 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ гузориши муфассал дод. (далее…)

Хушхабарҳо

Чанде пеш ба ифтихори Соли Ҷавонон ва 25 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон даври вилоятии фестивал – озмуни “ Сапеда” гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз рӯи ҳашт бахш – “Овозхонӣ” , “Навозандагӣ”,              “ Хореография”, “ Наттоқон”, “Композиторони наврас”, “Санъати тасвирӣ”, “Наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ”, “Ихтироъкорӣ, лоиҳаи инноватсионӣ ва сомонаи интернетӣ” гузаронида шуд. Ҷойи якум насиби дастаи шаҳри Панҷакент гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом ишғол намуданд.

  *  *  *

   Дирӯз байни хонандагони синфҳои болоии мактаби Призидентии шаҳри Бӯстон озмуни иншои беҳтарин бо забони англисӣ дар мавзӯи “Муаллими аввалини ман” доир гашт. Дар озмуни мазкур хонандагони синфи 11 Шаҳзода Эшонова ва Мафтуна Ғафурова беҳтарин дониста шуданд.

*  *  *

    Ба наздикӣ байни тарбиятгирандагони мактаб – интернати вилоятӣ озмуни “Хушхатнависон” ташкилу баргузор гашт. Дар озмун Музаффар Аҳмадҷонов – хонандаи синфи 6, Фирдавс Ташрифов – хонандаи синфи 7 ва Камила Кармишева — хонандаи синфи 7 ғолибият ба даст оварданд.