Ҳадаф: рушд ва такомули толибилмони соҳибистеъдод

Бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар гимназияи рақами яки шаҳри Гулистон семинар-машварати сарварони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид. (далее…)

Тренингҳои инноватсионӣ оид ба омода сохтани видео дарсҳо

Тибқи нақшаи кории Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят санаи 23 август дар Литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тренинг барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд доир ба мавзӯъи “Омода сохтани видео дарсҳо” баргузор гардид. (далее…)

Семинар дар мавзӯи Пешгирии бемориҳои модарзодии сутунмӯҳра

Тибқи нақшаи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим» бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ санаи 17 август дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид. (далее…)

Бозомӯзӣ – кафолати рушди касбӣ

Филиали муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (ДҶТИБКСМ) дар вилояти Суғд аз санаи 01.08.16 то 13.08.16 барои шунавандагон курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик машғулиятҳои лексионӣ ва корҳои амалӣ доир намуд. (далее…)

Тренинг барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи : «Тайёр намудани ассистентони кабинети технология информатсионӣ»

Дар асоси нақшаи кории Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Суғд санаи 25 июли соли ҷорӣ дар Маркази ТИК-и вилоят тренинг барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи: «Тайёр намудани ассистентони кабинети технологияи информатсионӣ» гузаронида шуд, ки дар он 20 нафар хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. (далее…)

Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Марказҳои ТИК-и вилояти Суғд

Санаи 13 июли соли 2016 дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи кории Маркази ТИК-и вилоят ҷаласаи машварати директорони марказҳои ТИК-и назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он директорони Марказҳои ТИК-и шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Б. Ғафуров, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Исфара, Истиқол, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Шаҳристон иштирок намуданд. (далее…)

Паём татбиқ мегардад

Дар кудакистони 3 9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи “Моҳияти Паёми Сарвари давлат (20160) дар тарбияи кудакони синни томактабӣ” доир гардид. 40 нафар иштирокчиён хушнудӣ ваз Паём ва андешеҳои қобили қабул изҳор намуданд.

Кормандон аз аттестатсия гузаштанд

Мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ 17 нафар кормандони педагогии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд. Дар натиҷа  5 нафар ба дараҷаи тахассусии олӣ, 8 нафар ба дарҷаи тахассусии якум ва 3 нафар  ба  дараҷаи тахассусии   дуюм  сазовор дониста шуданд.

Шӯрои навбатии омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти

Имрӯз дар толори Раёсати маорифи вилоят  Шӯрои омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ҷаласа омӯзгорони маҳфилҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят, директорони Марказҳои назди раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. (далее…)