Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки масъулони хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят семинари дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Омӯзиши таҷрибаи пешқадами гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, ҳуҷҷатгузории бахшҳои Хадамот дар самти омода намудани ҳисоботҳои оморӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Роҳат Мирзоев, мудири шӯъбаи ҳамоҳангсозии кор бо раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузориши худ зарурати ҷорӣ кардани маводҳои ягонаи санҷиширо дар мактабҳои миёнаи кишвар бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида, афзуд, ки чунин тарзи санҷиши дониш воқеияти дониши талабаро муаяйн мекунад. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо ҷалби устодони варзида дар ояндаи наздик чунин маводҳо бояд таҳия карда шаванд.
Омӯзгорони пешқадам Аҳроров. А, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан, Юсуфҷонова З аз МТМУ№19-и шаҳри Хуҷанд дар бораи нақши гурӯхи идоракунии сифати таҳсилот дар баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии толибилмони муассисаҳои таълимӣ гузоришҳо доданд.
Маъмурова М.Н.- сармутахассиси шӯъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар бораи омодасозӣ ва пешниҳоди оморӣ баромад намуд.
Бо вазифагузориҳо кори семинар анҷом пазируфт.