Натиҷаи баргузории озмуни вилоятии «Роҳбари созмони талабагии вилоятӣ»

Мутобиқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти №82 аз санаи 29.03.2016 ҷиҳати ташкил ва гузаронидани озмуни «Роҳбари созмони талабагии вилоятӣ» санаи 13.05.2016 дар гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни мазкур баргузор гардид. (далее…)

Озмуни вилоятии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон » давраи якуми бозӣ

Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 10.03.2016 таҳти №63 санаҳои 29.04.2016, 06.05.2016, 13.05.2016 сол дар Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ-и шаҳри Хуҷанд бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар вусъати нерӯи эҷодӣ, кобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор, ки дар ҷанрҳои нақшофарӣ, сурудхонӣ, навозандагӣ, рақс, ровигӣ инчунин барои тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва дар ҷавонон ҳосил намудани маҳорату малакаи баланди мунозира, муошират, пешаи тарзи ҳаёти солим тавсеа бахшад, маҳфили “Хушдилон ва Ҳозирҷавобон” баргузор гардид. (далее…)

Дастоварди шоҳмотбози наврас

Дар шаҳри Бӯстон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар байни шоҳмотбозони синни аз 14 то 35 сола мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид. (далее…)

Беҳтарин роҳбари созмони талабагӣ

Дар гимназияи № 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин маротиба дар вилоят озмуни “Роҳбари созмони талабагӣ” гузаронрида шуд. Дар озмун    15 роҳбарони созмонҳои талабагӣ- ғолибони даври  шаҳриву ноҳияви озмун  ширкат варзиданд. (далее…)

Олимони оянда малакаи худро санҷиданд

Тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти рақами 75 аз санаи 25 марти соли равон дар бораи ташкил ва гузаронидани сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо дирӯз дар гимназияи рақами 1-и шаҳри Конибодом беҳтарин толибилмони вилоят, аз рӯи 18 бахш дониш ва малакаи худро нишон доданд. (далее…)

Маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон”-дарёфти чеҳраҳои нав

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни мактабиён бори нахуст бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даври аввали озмуни вилоятии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» миёни мактабиён доир гардид. (далее…)

Ҷамъбасти озмуни “Сайбер Наврӯз” — Рушди рақамӣ бо ҷавонони рақамӣ!

Рӯзи гузашта, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъбасти Озмуни “Сайбер Наврӯз”, аз тарафи муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо ҳамкории ширкати моблии Tcell баргузор гардид. (далее…)

Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Дар ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов сохтмони бинои иловагии кӯдакистони № 6  барои 180 нафар тариқи ҳашар ва дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен  бинои нави мактаб барои 240 хонанда аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом ёфта корҳои ободонии гироду атроф босуръат идома доранд ва рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Таҷҳизонидани муассисаҳои навбунёд аз ҳисоби маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назар аст.

Озмуни «Сайбер Наврӯз» байни ҷавонон ва наврасони вилояти Суғд оғоз ёфт

Муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бори аввал озмуни “Сайбер Наврӯз”- ро дар байни ҷавонон ва наврасони вилоят эълон менамояд. (далее…)

Исфара: дастовардҳоро афзун мебояд

Соҳаи маориф чун ҳамасола дар меҳвари асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қарор дорад. Зеро бе рушди ин соҳаи ҳаётан зарурӣ пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварро тасаввур кардан нашояд. Барои тақвият бахшидани соҳа иҷрои чанд ҳадафҳо бар фоидаи кор мебуд. (далее…)