Санаи 29.01.2006 дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар минтақаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мавсими сеюми истироҳати зимистонаи мактаббачагон ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, истироҳаткунандагон, омӯзгорону волидони онҳо, мураббиёну таҷрибаомӯзон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабинии тантанавӣ доир шуд. (далее…)