Ба табиат чун ба модар ихлос дорем

Дирӯз даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» дар истироҳатгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар асоси фармони Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии экологии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2019 ҷиҳати фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимии умумӣ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар сатҳи омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба иди Меҳргон гузаронида шуд. (далее…)

Осим Каримзода: Рисолати мо парчами маърифатро боло бардоштар аст!

Ҳамасола якшанбеи нахустини моҳи октябр чун рамзи эҳтирому эътиқод ва сипосмандӣ ба аҳли таълиму тарбия ва кормандони соҳаи маориф дар кишварамон Рӯзи омӯзгорон таҷлил мешавад. Муаллим, омӯзгор, устод ин воҷаҳое ҳастанд, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст. Зеро ҳар он чи ки мо дар ҷомеа мавқеъ ва мақом пайдо кардем, маҳз самараи заҳмати устодон маҳсуб мешавад. (далее…)

Хабарҳои моҳи ҷорӣ

340 нафар соҳиби квота гардиданд

Барои соли таҳсили 2015 — 2016 ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 340 квотаи президентӣ, аз ҷумла 177 ҷой барои духтарон ва 163 ҷой барои писарон муқаррар шуда буд. (далее…)

106100 нафар кӯдакон бо истироҳат фаро гирифта мешавад

Тибқи маълумоти пешакӣ дар давраи тобистони соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 лагерҳои беруназшаҳрӣ, 521 лагерҳои рӯзонаи наздимактабӣ, 2 лагери истироҳатӣ-меҳнатӣ, 366 лагерҳои солимгардонӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 46 лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ амал намуда, 106100 нафар кӯдакону наврасон бояд ба истироҳату фароғати оммавӣ фаро мегиранд.

Оғози мавсими солимгардонӣ дар кӯдакистонҳо

Дар вилоят 226 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият бурда, дар онҳо 36132 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола дар гурӯҳҳои синну солӣ моҳҳои июн — август давраи солимгардонии кӯдакон гузаронида мешавад. (далее…)

Фестивали «Оши палов» бахшида ба соли гулҳо

Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» чорабинии идона доир гардид. (далее…)

Сохтмони мактабҳо дар вилояти Суғд

Соли ҷорӣ дар вилоят бунёди 15 иншооти соҳаи маориф ба нақшаи иншоотҳои сохташавандаи идораи сохтмони асосии вилоят ворид гардидааст. Дар давоми соли равон сохтмони бинои нави таълимӣ дар назди мактаби №19-и ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 400 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар бунёд ёфта, ҳамзамон сохтмони бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи Ҷалолиддини Румии ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида, идома дорад. (далее…)

Дар мактабҳо «Занги камолот» садо дод

6 инюни дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.04.2015, № 936 «Дар бораи гузаронидани чорабинии «Занги камолот» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» чорабинии тантанавӣ доир ба хатми мактаб доир гардид. (далее…)