Озмуни вилоятии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» давраи якум ҷамбаст гардид

Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 10.03.2016 таҳти №63 санаи 31.05.2016 дар Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шерали-и шаҳри Хуҷанд бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар вусъати нерӯи эҷодӣ, кобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор, ки дар ҷанрҳои нақшофарӣ, сурудхонӣ, навозандагӣ, рақс, ровигӣ инчунин барои тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва дар ҷавонон ҳосил намудани маҳорату малакаи баланди мунозира, муошират, пешаи тарзи ҳаёти солим тавсеа бахшад маҳфили “Хушдилон ва Ҳозирҷавобон” баргузор гардид. (далее…)