Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд

Рӯзи 6 июни соли ҷорӣ бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии  Раёсати маорифи вилоят дар толори Раёсати тандурустии вилоят  семинар- машварат дар мавзӯи “Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд”  бо иштироки намояндагони  комиссияи кор бо ноболиғони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, Раёсати корҳои дохилӣ ва  Раёсати тандурустӣ доир гардид.  Дар семинар –машварат масъалаи  пешгирии меҳнати иҷбории кӯдакон дар мавсими  таътили тобистона  мавриди муҳокима  қарор гирифт.

Озмуни “Дастони моҳир” ҷамъбаст гардид

Тибқи нақшаи филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии коромандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дар Маркази таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳри Исфара бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои нерӯи эҷодӣ ва қобилияти омӯзгорон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунармандон аз байни омӯзгорони фанни технология озмуни “Дастони моҳир” дар мавзӯи “ Эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар замони Истиқлолият” бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. (далее…)

Шӯрои навбатии омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти

Имрӯз дар толори Раёсати маорифи вилоят  Шӯрои омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ҷаласа омӯзгорони маҳфилҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят, директорони Марказҳои назди раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. (далее…)