Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Марказҳои ТИК-и вилояти Суғд

Санаи 13 июли соли 2016 дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи кории Маркази ТИК-и вилоят ҷаласаи машварати директорони марказҳои ТИК-и назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он директорони Марказҳои ТИК-и шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Б. Ғафуров, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Исфара, Истиқол, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Шаҳристон иштирок намуданд. (далее…)

Сазовори аттестати аъло шуданд

Дар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №11/2 аз 15.05.2014 «Оид ба тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон» поёни соли хониши 2015-2016 Мамадҷонова Гавҳар ва Фаррухзода Комрон аз мактаби №1 шаҳри Конибодом, Икромова Ҳусноро аз мактаби №42 ноҳияи Ашт сазовори медали тилло гардиданд. (далее…)

Ҳадаф: истиқболи шоиста

Санаи 22.07.2016 дар маҷлиси назоратии назди сардори раёсати маорифи вилоят масъалаҳои «Натиҷаи маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2016», «Пешниҳоди Прокуратураи вилоят «Оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар муассисаи таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон», «Омодагӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ощози соли таҳсили 2016-2017» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. (далее…)

Сифати таълим меҳнати шоиста хоҳад

Дар Шӯрои шӯъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолияти 6-моҳаи аввали соли 2016 натиҷабардорӣ шуд. Аз ҷониби Хадамоти вилоятӣ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 122 таълимгоҳ аттестатсия шуда, аз ҷумла, 7 муассиса аз аттестатсия шартан гузаронида шудааст, ки нақшаи солонаи аз аттестатсия гузаронидани муассисаҳои таълимӣ 53,5% иҷро гардид. (далее…)

Ҳадафи асосӣ беҳтар намудани сифати таълиму тарбия

Имрӯз дар  ҷаласаи навбатии ҳайати  мушовараи Раёсати маорифи вилоят , ки  бо иштироки муовини Раиси вилоят  Назира Ғаффорӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  сурат гирифт, натиҷаи фаъолият   дар   нимсолаи аввали соли  ҷорӣ мавриди   баррасӣ қарор дода шуд.   (далее…)

6 нафар барои дарёфти медал пешниҳод шуданд

Дар анҷоми соли хониши ҷорӣ  ба Раёсати маорифи вилоят аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Зафаробод, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон   ҳуҷҷатҳои 15 нафар хатмкардагони синфҳои 11 барои соҳиб шудан ба аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра  ворид гардиданд. (далее…)

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Дар муассисаҳои таълимии вилоят  то имрӯз 5426,5 тонна ангишт захира намуданд, ки 51,3%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Нақша дар шаҳри Истиқлол 100%, ноҳияҳои Ҷ.Расулов 93,8%,  Айнӣ 92,1% иҷро гардида,  вале дар ноҳияи Зафаробод 29,6%, шаҳри Хуҷанд 30,5%  ангишт захира шудаасту халос. Дар шаҳрҳои Бустон ва Панҷакент бошад, ин кор то ҳол оғоз наёфтааст.

Басти якуми истироҳат ба охир расид

Дар истироҳатгоҳи “Вохӯрӣ”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров басти якуми  истироҳати бачагон  ҷамъбаст гардид.  Дар он 110 нафар  кӯдакон, аз ҷумла 13 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 10 нафар ятим ба истироҳат  фаро гирифта шуда буданд. (далее…)