Оғози истироҳати омӯзгорон

Бо  шарофати  ғамхории Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  дирӯз 93 нафар омӯзгорони пешқадаму навовар аз муассисаҳои таълимии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон  фаро  гирифта шуданд. Дар давоми 12 рӯз онҳо истироҳат ва табобат намуда, ба чорабиниҳои  гуногуни фарҳангию  фароғатӣ фаро гирифта мешаванд.