Cеминари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон

Имрӯз дар толори Раёсати маоориф вилоят семинари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 30.04.2015, № 10/32 тасдиқ шудааст,  бо иштироки  мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. (далее…)

Марҳилаи муҳим барои толибилмон

Бо баробари итмом ёфтани соли хониш дар ҳама дабистонҳои вилоят атестатсияи аз синф ба син фгузаронӣ оғоз гардида, ҳамчунин хатмкунандагон низ имтиҳонҳои давлатӣ супорида истодаанд. Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят ҳамаи кормандони раёсат муваззаф шуданд, ки ҷараёни атестатсияро дар шаҳру навоҳӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд. (далее…)

Толибилмон ба ғамхорӣ фарои гирифта шуданд

Бо дастгирии ва ташаббуси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таи се рӯз аст, ки 162 нафар толибилмони шаҳру навоҳии вилоят дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароғат фарогир карда шудаанд. (далее…)