Андар роҳи худшиносӣ бошем

     Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад.
      Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
     Ифротгароӣ дар кадом шакл, ки бошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Бинобар он ҳамеша ҳушёру зирак будан шарт аст.
    Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо омӯзгорон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Хонандагонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба роҳи дуруст ҳидоят менамоем Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.
        Ба хонандагон талқин менамоем, ки андар роҳи худшиносӣ устуворона қадам гузоранд.
Ситора Ҷӯраева,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи Донишкадаи политехникии
шаҳри Хуҷанд ба номи М.Осимӣ
 

Бар муқобили терроризм – донишу маърифати комил!

        Аз баъзе расонаҳои бо ном “демократӣ”, “озодандешӣ” ва “мустақил”, инчунин аз шабакаҳои интернетиву иҷтимоӣ аз чаҳор сӯйи дунё ҳар шабу ҳар рӯз, ҳар соату ҳар лаҳза хабари маргу таъқиб, таҳдиду хатанр, ҷангу ноамонӣ, террору муноқишаҳои шеваҳои гӯшношиниду ғайриинсониву разилиро мехонем. Барои қудратхоҳон, ҷойхоҳон аз кишварҳои алоҳида, ба истилоҳ, ҳомиёни ҳуқуқи башар оташафрӯзӣ дар миёни миллатҳо, одамони бегуноҳ дар ақсои олам як кору амали маъмулӣ ва ё муқаррарӣ шудааст. Ин басо риққатовару нобахшиданист.
    Коршиносон таъкид мекунанд – бо баҳонаи макоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо, демократикунонии ҷомеаҳо ҳазорҳо мардуми хурду калонсоли бегуноҳ ҳаёти худро аз даст медиҳанд, ифротиёну дилсияҳҳо ба занону кӯдакону мӯйсафедон раҳме намекунанд, миллионҳо миллатҳои бумиро бехонаву бесарпаноҳ месозанд, оқибат онҳо бе ҷойи зист мемонанд.
      Ва таҳлилҳо собит менамоянд, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад.
Аз адабиёти соҳавӣ маълум мешавад, ки ифротгароии динӣ ин як навъ кӯшиши аз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногунҷабҳаест, зӯран ғасб кардани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф, халадор намудани сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳо равона шудааст.
    Дар робита ба ин, барои пешгириии зуҳуроти экстремистию террористӣ ба масъалаҳои ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсияи корҳои равонӣ, ки ба пешгирии хушунат мусоидат менамояд, маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои террористӣ, маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимою сиёсӣ, ҳамоҳангсозии неруи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, хосса пешгирӣ ва мубориза бар алайҳи терроризм бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Барои муборизаи мақсаднок ва пайваста зидди зуҳуроти номатлуб – терроризм дар байни наврасон ва ҷавонон донишу маърифати комил, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва суботи иродатмандӣ аз ҳар ҷиҳат муҳиму зарурист.
      Дар ин росто, хурду калонсолони диёрамон бояд мавқеъшинос бошанд. Аз ин лиҳоз, дар роҳи тарбияи мақсадноки ояндасозон ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии онҳо эътибори ҷиддӣ додан шарт аст. Бинобар ин мо — кормандони нашрияи вилоятии “Маорифи Суғд”, ки муассисаш Раёсати маорифи вилоят мебошад, фаъолияти касбии хешро ба он равона сохтаем, то дар саҳифаҳои нашрия масоили ватандӯситиву меҳанпарастии мактабиён, тарбияи ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқатӣ, ҳурмату эҳтироми бузургсолон, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, фаъолияти ба замон ҷавобгӯ будани омӯзгорони макотиби вилоят дар ин раванд, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” саҳеҳу воқеъбинона инъикос гарданд.
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
котиби масъули нашрияи
“Маорифи Суғд”

Дарси ҳисоботӣ.

   279969041_371736491666740_967806469839352639_n  Хонандагони синфи чоруми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №18, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки таҳсилашон ба забони русӣ мебошад, дарси ҳисоботӣ баргузор намуданд.
    Дар арафаи анҷоми соли таҳсил баргузор шудани дарси ҳисоботӣ басо рамзӣ аст.Зеро туфаӣли ин дарс хонандагон тавонистанд ба забони рӯсӣ доир ба донишҳои аз ҳама фанҳо омӯхтаашон дар давоми соли таҳсил ҳисобот диҳанд.

(далее…)

Изҳори сипоси тарбиятгирандагон.

 280356188_371236691716720_7567570185999775207_n  Шароити таълиму тарбия ва вазъи зисти тарбиятгирандагони мактаб–парваришгоҳҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

(далее…)

Аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

     изображение_viber_2022-05-10_11-41-25-976 Санаи 09.05.2022 бо иштироки мудири маорифи ноҳияи Ашт муҳтарам Ҳайдарзода М. ва директори МТМУ рақами 48 шахси барӯманди деҳаи Бободархон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдуқодирро аёдат намуданд. Ба устод аз тарафи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. (далее…)

ОҒОЗИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ.

  280275394_371122775061445_8553397219127764686_n Субҳи имрӯз дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиесати Точикистон спартакиадаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон оғоз гардид. Спартакиадаро Самизода Мӯсобек — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд оғоз бахшида, мақсади ташкили чунин чорабиниҳоро дӯстии байни омӯзгорону кормандон арзёбӣ намуд. Спартакиада аз рӯи чор намуди варзиш ҷараён дорад. Аз ҷумла шоҳмот байни мардон, шашка байни занон, волейбол байни мардон ва баскетбол байни занон.
                                                     Спартакиада то санаи 13 май ҷараён дорад.

(далее…)

Мусобиқаи шаҳрӣ марҳилаи дуюм оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

  280228638_371043205069402_4853766081826116635_n Дар толори варзишии Гимназияи Гёте мусобиқаи шаҳрӣ марҳилаи дуюм оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рузи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамбаст гардид. Мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои макомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он 32 даста волейболбозон аз муассисаҳои таълими иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

(далее…)

ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ — СИФАТИ ТАЪЛИМ

    изображение_viber_2022-05-07_13-30-38-998 Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки санаи 7-уми майи соли 2022 бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо баргузор гардид, дар меҳвари таваҷҷуҳ – сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

(далее…)

Эҳсоси гарми меҳанпарварӣ

      279549226_369004775273245_955216344422585132_nДар шаҳри Истаравшан аз тарафи муассисаҳои таълимӣ баҳри муназзам нигоҳ доштани шароити тозагиву ободонӣ, вазъи санитарию эпидемиологии маҳал шанбегии навбатӣ гузаронида шуд.
   Дар шанбегӣ – ин тадбири тозакорӣ, хонандагону омӯзгорон бо мароқи афзун иштирок карда, эҳсоси меҳанпарварини худро афзун намуданд.

(далее…)

Дарси риёзӣ эҷодкорист.

       Талаботи муосири дарс истифодаи равишҳои навро дар таълими математика дар назар дорад. Дар ин раванд омӯзгор ҳангоми тайёрӣ ба дарс аз технологияи ҳисоббарор низ бештар истифода мебарад.
Дарсҳо бо истифода аз муаррифии соҳа бойтару самараноктар гардида, имкон медиҳанд, шавқу завқи хонандагон ба фани математика, фаъолияти маърифатӣ ва муносибати эҷодӣ инкишоф ёбад. Дар давоми фаъолияти корӣ ба хулоса омадам, ки агар ҳангоми фаҳмонидан муаллимон муаррифии компютериро истифода баранд ва ба тамоми меъёру талабот мувофиқ бошад, хонандагон камаш 10-20 фоиз беҳтар азхуд мекунанд.
Муаррифӣ дар дарс танҳо як восита аст, аз ин рӯ, он бояд ба таври қатъӣ ҳангоми зарурат истифода шавад.
Одамон дар як вақт на бештар аз се ҷузъ – далел, хулоса ва таърифро дар хотир дошта метавонанд. Ба сифати тасвир аҳамият додан лозим меояд, агар он баланд набошад, беҳтар аст, ки аз он даст кашидан лозим мебошад.
Беҳтараш видеоҳоро аз 4-5 дақиқа зиёд истифода бояд бурд. Ҳамзамон, ба ороиши эстетикии муаррифӣ диққати калон додан дозим аст. Барои ҳама слайдҳо як услуби ягона бояд интихоб карда шавад – тарроҳӣ набояд кӯдаконро аз маълумоти пешниҳодшуда парешон созад. Дар заминаи монохроматӣ иттилоот осонтар қабул карда мешавад. Кӯшиш кардан лозим, ки барои замина ва матн рангҳои муқобил истифода бурда шавад. Дар маҷмӯъ, равоншиносон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми муаррифӣ на беш аз се ранг истифода гарданд: яке барои замина, дигаре барои сарлавҳа ва сеюмӣ барои матн.    Муаррифии мултимедиявӣ имкон медиҳад, ки на танҳо шавқу рағбатро ба мавзӯъ бедор созад, балки бо иҷрои дурусти техникӣ ва эстетикӣ, аёният, самаранокии дарсро таъмин намуда, тасаввуроти фазоии хонандагонро инкишоф дода, боиси баланд шудани сифати дониш мегардад.

Ойтӯтахон ҚОСИМОВА,

омӯзгори МТМУ №12, шаҳри Хуҷанд