Беҳтаринҳомуайян шуданд

     Бахшида ба ҷашнифархундаимиллӣ25 – солагииИҷлосияи XVI  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи томактабии рақами 33 –и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Ровиёни беҳтарин» баргузор гардид. Ҳадафи асосии озмун парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, рушди қобилияти фикрӣ, тарбияи зебоипарастӣ, худшиносию хештаншиносии насли наврас мебошад.

     Дар озмун аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр ғолибони даври аввал иштирок карда, аз ашъори суханвари бузурги халқи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шеърҳо қироат карданд. Ҳайати ҳакамон ба маҳорати наттоқии кӯдакон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро муайян намудаанд.

  Шоҳҷоизаи озмун ба Мунзифа Ҳошимова аз кӯдакистон – ширхоргоҳи рақами 20 насиб гардид.

     Ғолиби озмун бо диплому Ифтихорнома ва ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардони дашуданд.

ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАРРО ХОҲОН АСТ

    DSCF1459Санаи 20 октябр бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид, ки ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи маорифчиён бахшида шуд.

Ҷаласаи мушовара бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим Қосимӣ оғоз ёфт.DSCF1450

     Баъди шунидани ҳисобот оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи  Раёсати маорифи вилоят масъалаҳои зерин: натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2017, рафти аттестатсияи тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ ва дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дар соли таҳсили 2017-2018, рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» дар шуъбаи маорифи шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», иштироки марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар чорабиниҳои вилоятӣ, натиҷаи омӯзиши фаъолияти Марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод, вазъи ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон баъди хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба ҷойи кор, натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, № 197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омузгорони ҷавон” дар шаҳру ноҳияи Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда сардори Раёсати маорифи вилоят аз шахсони масъул пурсиш ба амал овард.

     Дар рафти ҷаласаи мушовара ҳамчунин ба таври илова масъалаҳои пардохти маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ, обуна ба нашрияҳои соҳавӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Маорифи Суғд» ва замимаи он «Дурахшандагон» таҳлилу баррасӣ гардиданд.

     Ҷаласаи мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба анҷом расид.

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ

    DSCF1094Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилоят ва филилали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дар гимназияи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳӣ бо мудирони кабинетҳои методӣ, мушовирон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони пешқадами соҳаи маориф баргузор гардид.
Директори ФМДДҶИБКСМ дар вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исматдинов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин чорабиниро дар баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати педагогии омӯзгорон нек арзёбӣ намуд.
DSCF1090 Абдураҳим Қурбонов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят, зимни баромади хеш аз дастовардҳои омӯзгорони вилоят дар ҷодаи таълиму тарбияи хонандагон, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз устодони навовару масъулиятпеша, роҳҳои мақсаднок гузаронидани машғулиятҳо, омодагии омӯзгорон ба дарс, истифодаи васеи дастгоҳҳои аудиовизуалӣ сухан ронд.
Дар қисмати дуввуми семинар дар 33 бахшҳои планери беш аз 400 нафар омӯзгорони вилоят бо ташкили дарсҳои устодони навовари ҳамаи фанҳо ошноӣ пайдо намуданд.

Бо ҳамин кори семинар анҷом пазируфт.

КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ БОМУВАФФАҚИЯТ РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД

02Дар вилояти Суғд  дар ду марҳила курсҳои омӯзишии муносибати болсалоҳият ба таълими фанҳои забони тоҷикӣ, математика ва технологияи (таълими меҳнат) баргузории 98 курс бо фарогирии зиёда аз 2700 нафар омӯзгорон – роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технологияи (таълими меҳнат)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар дошта шудааст. Дар марҳилаи аввал 64 курсҳои омӯзишӣ бо фарогирии 1864 нафар омӯзгорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкилу баргузор гардиданд. (далее…)

ПОДОШИ МЕҲНАТИ БОСУБОТ

     Беш аз сад нафар омӯзгорони навовару эҷодкоре, ки ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф ноил шудаанду шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ мақомҳои шоистаро касб кардаанд, бо эҳтимом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар истироҳатгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон  ройгон ба истироҳату табобат ҷалб шуданд.
Рӯзи гузашта аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят омӯзгорони пешқадам аёдат ва бо баргузории чорабинии фарҳангӣ хотири истироҳаткунандагон шод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст, ки бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар давраи таътили зимистона ва тобистонаи соли хониш сад нафарӣ устодони фаъол ба истироҳату табобат ҷалб карда мешаванд.
Дар баробари устодон шогирдон низ аз чунин ғамхориҳо бебаҳра намемонад.
Ҳамасола дар давраи таътили зимистона ва тобистона наздики 100 нафари хонандагон ба  муассисаи солимгардонӣ ва истироҳатии ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳат фаро гирифта миешаванд.

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ

DSCF1084Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 24-июли соли равон нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони беш аз 20 воситаҳои ахбори чопию электронии маҳаллӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва нашрияҳои соҳавӣ доир гардид. (далее…)

Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят

        калегия1Дирӯз дар толори мактаби хусусии “Ирфон” – и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид. Дар ҷаласа, ки бо иштироки муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузашт, кормандони масъули Раёсат, намояндагони сохторҳои зертобеъ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд. (далее…)

Масоили таълимоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

DSCN1969 08.06Муносибати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин барои ба таҳсил фаро гирифта шудани кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ғояҳо ва принсипҳои асосии таҳсилоти фарогир ҳамчун таҷрибаи байналмилалии татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба таҳсил бори нахуст дар Эъломияи Саламанка (1994) муфассал дарҷ ёфтааст.
Ислоҳоти соҳаи маориф дар даврони истиқлолият мусоидат намуд, ки баҳри ислоҳот ва такмили низоми таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) то имрӯз иқдомҳои шоиста роҳандозӣ гарданд. (далее…)

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ

5Санаи 1 июни соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» -и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чорабинии идона баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимони кулл, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ, ғолибони сессияи Акадмияи хурди илмҳо, ғолибон ва иштирокчиёни як қатор озмунҳо, кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ беш аз 4 ҳазор нафар кӯдакон иштирок намуданд. (далее…)

ҲАДАФ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМ

DSCF7211Санаи 31.05.2017, соати 9-00 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов С.А., раиси шӯро, мудири шӯъбаи вилоятии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. аъзоёни шӯро, сармутахассисони бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хадамот ва директорони муассисаҳои таълимии санҷидашуда шӯрои шӯъбаи вилоятии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид. (далее…)