ҶАШНИ БАҲОРУ ЗЕБОГӢ

02Бахшида ба фарорасии ҷашни Рӯзи модар дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо иштироки собиқадорони маориф, омӯзгорони фаъол, ғолибони давриву шаҳрии озмунҳои муаллими солу мураббияи сол чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба ифтихори ҷашни бонувон қироат намуд.

Номбурда дар идомаи суханронии худ аз таваҷҷӯҳи давлат ва ҳукумат нисбати маориф, хосса ба бонувон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки аз шумори умумии омӯзгорону мураббиягон беш аз 22 ҳазор бонувон дар соҳаи маориф заҳмати софдилона мекашанд. Сарварии беш аз 200 мактабҳои вилоят бар дӯши занон аст. Ғолибияти Замира Рустамова, омӯзгори забон ва адабиёти мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни «Муаллими соли 2016» ва Заррина Рӯзиева, мураббияи кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Мураббияи соли 2016» нишонаи пешрафти соҳаи омӯзгорӣ дар вилоят мебошад.

Сипас, Назира Ғаффорӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси вилоятро ба омӯзгорону мураббияягони вилоят дар вазъияти тантанавӣ супорид. Аз ҷумла, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии муаллими сол ва мураббияи сол бо тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, омӯзгорону мураббияҳое, ки дар даври вилоятии озмунҳо мақоми шоистаро гирифтанд, бо яхдону чангкашак, телевизиору мошини ҷомашӯйӣ қадршиносӣ гардиданд.

Осим Каримзода низ дар баромади хеш аз дастоварду мувафаққиятҳои коркунони соҳаи маориф ёдовар шуда, ному насаби машъалафрӯзони маърифат, устодони касби хеш Заррина Ҷӯраева, Рабоҳат Воҳидова, Умеда Солиева, Ором Мирдадоева, Адиба Ёрова, Мусаббеъ Зиёева, Мастура Раҳматова, Азиза Пиримқулова, Малика Ҳайдарова, Гавҳархон Сулаймонова, Назира Аминова, Моҳира Мансурова ба забон овард.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сари хони густурда омӯзгорон аз шеъру сурудҳои толибилмони вилоят дар васфи зан-модар баҳраи беш бардоштанд.

Бо ҳамин чорабинии идона поён ёфт.

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАШТАНД

1485331570_58885c72d16a5Дар заминаи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 12 декабри соли 2016, №273 санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бахшида ба 24-солагиии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, истиқболи сазовори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2017- «Соли ҷавонон» байни хонандагони синфҳои 8-9 уми муассисаҳои таълимии вилоят даври вилоятии озмуни ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. (далее…)

АХТАРОНИ ВАТАНПАРВАР

гим4Санаи 17 феврал дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни бошукӯҳи «Ватанпарвар» доир гардид. Дар рафти чорабинӣ таҳти сарварии раиси созмони талабагӣ Роҳат Умарова 120 нафар толибилмони беҳтарин ба сафи Созмони талабагӣ, зинаи Ахтарон қабул карда шуданд.

Яке аз бахшҳои асосии чорабиниро хондани суруди зинда ва қироати шеър дар васфи Ватан, сулҳу ваҳдат ва озодию истиқлолият ташкил дод. Дар ин бахш ҳамагӣ 10 нафар хонандагони болаёқат – Сарваршоҳ Раҷабов, Шоҳрӯз Дилшодӣ, Муҳаммад Зоидов, Муҳаммад Иброҳимов, Гулноза Юсуфова, Азиза Арипова, Малика Каримова, Малоҳат Саиднабиева фаъолона ширкат варзида, маҳорати баланд нишон доданд. (далее…)

ТАВАҶҶӮҲ БА ФАРДОИ ҶАВОНОН

DSCF9953Дар толори маҷлисгоҳи нозироти андози шаҳри Исфара мулоқоти навбатии сарварони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳр  доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси шаҳр Таборакхон Умарзода ҳусни ифтитоҳ бахшида роҳандозии чунин тадбирро, ки бо иқдоми Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  доир шуда истодааст, хеле муҳим ва саривақтӣ барои интихоби касби ҷавонон номид. (далее…)

МУЛОҚОТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН БО САРВАРОНИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ВИЛОЯТ

DSCF9833Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳри саноатӣ баргузор шуд.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Оқилов Ғайратҷон  Ахмедович ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли дуюм аст, ки мулоқоти рохбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳо доир мегардад. Ин тадбири муҳим баҳри боз ҳам бештар огоҳӣ пайдо намудани муҳассилин аз шароити таълимиву моддии муассисаҳои олӣ таккони ҷиддие хоҳад бахшид. (далее…)

НИМАРОҲИ ОРЗУ

IMG_4047    Бо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи ду сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад. Дирӯз дар кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. (далее…)

ХАТМКУНАНДАГОНИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ОЯНДАИ ХУДРО ИНТИХОБ НАМУДАНД

DSCF3962Дар ҳошияи дастури Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти роҳбарони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагон идома дорад.

Субҳи имрӯз наздики 300 нафар хатмкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба умеди дидор ва мулоқот бо сарварони мактабҳои олӣ дар мактаби хонандагони болаёқати ноҳия сарҷамъ омаданд.

Чорабиниро муовини аввали раиси ноҳия Олимҷон Олимов ҳусни оғоз бахшид.

(далее…)

ТАШАББУСИ СОЗАНДА БА ХОТИРИ ОЯНДА

r-maorifБо мақсади баланд бардоштани сатҳи ва сифати таълим, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бинобар зиёд будани теъдоди хонандагону кам будани муассисаҳои таълимӣ дар асоси дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки ба соҳибкорон, саховатмандон, сармоягузорон, ташкилотҳои ҷамиятӣ, бахши хусусӣ, ки дар суратҳисоби бонки сармояи кофӣ ва хоҳиши сохтмони бино барои ташкил намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусиро доранд, аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ замин ҷудо намояд. Вобаста ба ин чанде пеш Раёсати маорифи вилоят ба сокинон  бо Муроҷиатнома баромад намуда буд. Инак, дар фурсати начандон тӯлонӣ ба унвонии Раёсати маорифи вилоят 11 нафар шаҳрвандони вилоят бо мақсади сохтмони  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дархост пешниҳод намуданд. Инҳо Мӯъминҷон Юсуфҷонов, Ғафур Атохӯҷаев, Фароғат Усмонова, Одил Обидов, Фотеҳ Масумов, (далее…)

ҲАМКОРИ БО ВАО САМАРАИ НЕК МЕДИҲАД

DSCF9724Дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, саррраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва мактабҳои олии вилоят тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09 2011, №АП 1729 санаи 23 январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. доир гардид.

Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбории оммаи чопию электронии давлатию  ғайридавлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ва масъулини дигар муассисаю сохторҳои соҳаи маориф иштирок намуданд. (далее…)

ФАРОГИРИИ 100 НАФАР МАОРИФЧИЁН БА ИСТИРОҲАТУ ТАБОБАТИ РОЙГОН

DSCF9706Дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дастгирии бевоситаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар таътили тобистона ва зимистона омӯзгорони пешқадаму ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи маорифи шаҳру нохияҳои вилоят бо истироҳат ва табобати ройгон фаро гирифта мешаванд. (далее…)