Сухан оид ба сифати таълим

Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба мудир ва мушовирони кабинетҳои  методии назди раёсат ва шӯъбаҳои маориф, бо дастгирии барномаи минтақавии лоиҳаи “Хониши босифат” ба қарибӣ дар муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи хонандагони лаёқатманди шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Аминҷон” семинар – машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар семинар – машварат, ки намояндагони раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ширкат доштанд, оид ба масъалаҳои пешбурди кори таълиму тарбия, усулҳои таълим дар низоми таълими салоҳиятнокӣ, истифодаи усулҳои манфиатбахши таълим дар машғулиятҳои дарсӣ ва ғайра маърӯзаҳои пурмазмуни масъулин аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ шунида шуданд.
Шоистаи қайд аст, ки як қатор  намояндагони раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоятамон  низ дар иртибот ба масъалаҳои пешбурди кори таълиму тарбия андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Семинар – машварат хеле судманд ҷараён гирифт.

Б.ХОҶАЕВ,
мутахассиси пешбари шӯъбаи
таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумии Раёсати маорифи вилоят

“Таҷассумгари олами рангини кӯдакон”

Таҳти ҳамин унвон дар толори китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ба ифтихори 85 – умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Убайд Раҷаб маҳфили шеърхонӣ баргузор гардид. Адибони маъруф Саидамин Ҷило, Маъруф Бобоҷон, Ӯлмаси Хол иштирокчиёни маҳфили адабӣ буданд. (далее…)

Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» муайян гардиданд

    озмунДар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят бахшида ба “Соли ҷавонон” озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Дар озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки дар ду бахш миёни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик”, “Ҷавонони соҳибтаълиф”, “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ”, “Ҳифзи матнҳои адабӣ”, “Омўзиши асарҳои адабӣ” гузаронида шуд, 152 нафар довталабон иштирок намуданд. (далее…)

Дастаи вилояти Суғд – дар ҷойи аввал

r-maorifАкадемияи хурди илмҳои вилояти Суғд таҳти сарпарастии Раёсати маориф ва мактабҳои олии касбии қаламрави вилоят фаъолият мебарад.
Академияи хурди илмҳо – иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии толибилмону хонандагони синфҳои болоӣ буда, вазифадор аст, бобати ба корҳои эҷодӣ, илмиву техникӣ ҷалб намудани хонандагон, рушди маърифат, малакаи кори илмиву тадқиқотӣ, ихтирооту таҷрибаро вақтҳои берун аз машғулиятҳои таълимӣ таҳти сарварии олимон, омӯзгорони мактабҳои олӣ, таълимгоҳҳо, мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  пурзӯр созад.
Сессияи Академияи хурди илмҳо беш аз 40 сол аст, ки амал мекунад. (далее…)

«Ҳозирҷавобони наврас»-и шаҳри Гулистон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

     фотоБо ташаббуси телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» озмуни «Ҳозирҷавобони наврас» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар давом дорад. Дар асоси Низомнома даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ва даври дуюм дар шаҳру навоҳӣ сурат гирифта, ғолибони даври шаҳру навоҳӣ дар вилоят дониш ва маҳорати худро санҷиданд. (далее…)

ДОНИШИ ЭКОЛОГИРО ТАҚВИЯТ БАХШИДАНД

      20170429_122146Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид санаҳои 28-29 апрели соли равон дар меҳмонхонаи “Лотос”-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷулма, омӯзгорони фанҳои биология, география ва экологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Усулҳои инноватсионии баландбардории савияи дониш оид ба тағйирёбии иқлим” баргузор гашт, ки дар он беш аз 53 нафар иштирок доштанд. (далее…)

Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят

    DSCF0641Санаи 18.04. 2017 дар толори маҷлисгоҳи МТМУ№4 шаҳри Бӯстон ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раисии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. гузашт, кормандони масъули Раёсат, намояндагони сохторҳои зертобеъ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. (далее…)

ОЗМУН БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

       atestatsiyaБахшида ба соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон Маркази таҳсилоти иловагии вилоят тасмим гирифт, ки озмуни вилоятии иншоро дар мавзӯи «Соли 2017-Соли ҷавонон» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намояд.
Дар озмуни мазкур хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Деваштич, Палос, Зафаробод, Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Спитамен фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа ҷои аввалро хонандаи синфи 10, МТМУ №32 Амакова Малоҳат аз шаҳри Исфара соҳиб шуд. Ҷои дуюм насиби хонандаи синфи 11, МТМУ№16 Мамадалиев Шерзод аз ноҳияи Деваштич гардид. Ба ҷои сеюмро хонандаи синфи 11-и МТМУ№7 Шодиматова Сарвиноз аз шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ноил шуд.
Ғолибони озмун бо диплому ифтихорномаҳо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят тақдиронида шуданд.

ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БАҲРИ ХУДШИНОСИИ НАВРАСОН

    DSCF0363Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 12-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
DSCF0379Сайфулло Раҳматов — муовини сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврўз мебошад.
Сипас хонадагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллии бодбаракпарронӣ, лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, арғамчинбозӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.
Дар ҳама бахшҳо ғолибон бо тўҳфаҳои Раёсати маориф ва илми вилоят дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ- ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ МАОРИФ

IMG_2971    Бахшида ба эълон шудани соли 2017 — Соли ҷавонон дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим — омили муҳими рушди маориф» мизи мудаввар баргузор гардид. (далее…)