НАМОЯНДАИ ВИЛОЯТИ СУҒД — «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН»

20170117_114128Бо мақсади дарёфт ва интихоби мураббиёни боистеъдоду навовар, эҷодкору ботаҷриба, мусоидат ба рушди фаъолияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, қадрдонии меҳнати мураббиён ва баланд бардоштани мақому манзалати маорифчиён дар ҷомеа аз 10 то 12 январи соли равон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» баргузор гардид. (далее…)

Рӯзҳои раёсати маорифи вилоят дар ноҳияи Шаҳристон

Давоми се рӯз роҳбарони сохторҳои Раёсати маорифи вилоят бо мақсади аз наздик ошоноӣ пайдо намудан бо раванди таълиму тарбия, иҷроиши барномаҳои давлатии соҳа аз мактабҳои ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд. Натиҷаи санҷишу мушоҳидаҳо зимни баргузории ҷаласаи корӣ бо иштироки сарварони мактабҳо, масъулони шӯъбаи маорифи ноҳия таҳлилу баррасӣ шуданд. (далее…)

Озмуни «Бехтарин осорхонаи мактабӣ»

Тибқи накшаи Раёсати маорифи вилоят даври минтақавии озмуни вилоятии «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» байни дастахо аз шахру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ашт ва Гулистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 – и шаҳри Гулистон гузаронида шуд. (далее…)

Баррасии масъалаҳои муҳим

Дар арафаи таҷлили ҷашни касбии Рӯзи омӯзгорон  ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, омӯзгорони пешқадам ва кормандони Раёсат доир гардид. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ ва табрики сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода кушода шуд. (далее…)

Конибодом бартарӣ ёфт

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои  назди Раёсати маорифи вилоят  ба ифтихори 25-солгаии истиқлолияти далатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин  байни маҳфилчиёни марказҳо дар мавзӯи “Мо ояндасози давлати соҳибистиқлоли тоҷикон” эълон карда буд. (далее…)

Ҳусни тозаи чеҳраи маорифчиён

Ибтидои соли ҷорӣ муқаррар шуда буд, ки  дар вилоят 111 муассисаҳои таълимӣ ба тармиму  навсозиву бунёд эҳтиёҷ доранд. Ба шарафи 25-солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 иншоот ба талаботи замонавӣ мутобиҷ гардонида шуд. (далее…)

Ба олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд

Дар массисаи давлатии таълимии литсей-интернати президентӣ барои кудакони лаёқатманди шаҳри Душанбе даври интихобӣ барои иштирок  ба даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир мегардад,  озмун баргузор гардид. (далее…)

Иштироки маорифчиёни вилоят дар роҳпаймоии сокинони вилояти Суғд

Баъд аз ба истифода додани Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят, ки шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медод, идома ёфт. (далее…)

Эътибори ҷаҳонӣ ёфтанд

Сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят торафт боло меравад. Ин аст, ки сол то сол иштироки фаъолонаи муҳассилини таълимгоҳҳо дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ афзун мешаванд. (далее…)