Таҷлили Наврӯз дар мактаб – интернат

Дар мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои барои бачагони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат воқеъ дар шаҳри Бӯстон (собиқ шаҳри Чкалов) дар якҷоягӣ бо муассисаи таҳсилоти томактабии №5 «Калидчаи зарин» — чорабинии идонаи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир шуд. Дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарпарастони мактаб- интернат Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва Идораи сохтмони асосии вилоят саҳмгузорӣ намуданд. (далее…)

Вазифаҳо муайян гардиданд

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки таҳти раёсати сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ва бо иштироки сардорону мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят доир гардид, масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ ва вазифаҳои маорифчиён ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд. (далее…)

Бақайдгирии довталабон ба мактабҳои миёна ва олии касбии Федератсияи Россия оғоз ёфт

Раёсати маорифи вилоят дар асоси эълони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2016 маълум менамояд, ки озмуни қабули довталабон барои таҳсил  дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба бурсияҳои ҷудогардидаи Федератсияи Россия аз рӯи зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз хатми синфи 11, бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура ва ординатура баргузор мегардад. (далее…)

Машварати вазир бо аҳли зиё

Имрӯзҳо дар миқёси вилоят вобаста ба ворид намудани тағйироу иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ- фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодаанд, ки дар рафти онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба аҳли ҷомеа моҳияту зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосӣ фаҳмонида мешавад. (далее…)

Оғози олимпиадаи хонандагони синфи 10

Дар мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 10 оғоз ёфт. Дар олимпиада ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз тамоми гӯшаву канори вилоят иштирок доранд. (далее…)

Озмуни ҳарбию варзишии “Сипар” ҷамъбаст гардид

Озмуни ҳарбию варзишии “Сипар” ҷамъбаст гардид. Дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд даври минтақавии вилоятии озмуни ҳарбию варзишии “Сипар” ҷамъбаст гардид. Дастаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ дар озмун аз рӯи 11 намуд мусобиқаҳои варзишӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. (далее…)

Баҳри соҳибмаърифатии хатмкунандагон

Таи як ҳафта кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят бо хатмкунандагон доир ба «Низомномаи нави қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар барои солҳои 2016-2020» вохӯриҳо доир намуданд. (далее…)