Истиқлолат бобақо бод, кишварам !

Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии коромандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд байни хонандагони синфҳи 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “ Истиқлолат бобақо бод, кишварам !” гузаронида шуд. (далее…)

Шӯрои навбатии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят

Дар толори Раёсати маорифи вилоят санаи 3.06.2016 Шӯрои вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар он директорони литсей, гимназия ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Панҷакент, Мастчоҳ ва сармутахасисони бахшҳои Хадамот иштирок намуданд. (далее…)

Дар Мастчоҳ олимпиадаи номӣ баргузор гардид

Дар мактаби №10-и ноҳияи Мастчоҳ бори аввал олимпиадаи номии вилоятии мактаббачагон ба номи омўзгори равшанзамир, зиёии эҷодкор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Муллокўчак Одиназода аз фанҳои дақиқ баргузор гардид. Дар ин олимпиада ғолибони синфҳои нуҳуми олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология ширкат варзиданд. (далее…)

Ғолибият дар озмуни барномасозони Ҳафтаи технологияи, инноватсия ва ихтирокории ҷавонон ва наврасони ш.Душанбе

Муассисаи давлатии Маркази тенологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ш. Душанбе аз 11 то 14 апрели соли ҷорӣ “Ҳафтаи технологияи, инноватсия ва ихтирокории наврасону ҷавонон”-ро ташкил ва баргузор намунд. (далее…)

Иҷрои вазифаҳо таъхирнопазиранд

Дирӯз ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти  Раёсати маорифи вилоят дар семоҳаи аввали соли 2016, пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 5/6-10853 аз 04.03.2016 “Дар бораи бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо гардиданд” ва натиҷаи аккредитатсияи литсейи № 1 ва гимназияи № 24-и шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардиданд. (далее…)

Ҷамъбасти озмуни “Сайбер Наврӯз” — Рушди рақамӣ бо ҷавонони рақамӣ!

Рӯзи гузашта, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъбасти Озмуни “Сайбер Наврӯз”, аз тарафи муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо ҳамкории ширкати моблии Tcell баргузор гардид. (далее…)

Вохӯрии намояндагони донишгоҳҳои русия бо хатмкунандагони шаҳри хуҷанд

Дар доираи панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ. Душанбе 2016” имрӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти нахустини намояндагони 8 мактабҳои олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд доир гардид. (далее…)

Таҷлили Наврӯз дар мактаб – интернат

Дар мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои барои бачагони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат воқеъ дар шаҳри Бӯстон (собиқ шаҳри Чкалов) дар якҷоягӣ бо муассисаи таҳсилоти томактабии №5 «Калидчаи зарин» — чорабинии идонаи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир шуд. Дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарпарастони мактаб- интернат Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва Идораи сохтмони асосии вилоят саҳмгузорӣ намуданд. (далее…)