Беҳтарин роҳбари созмони талабагӣ

Дар гимназияи № 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин маротиба дар вилоят озмуни “Роҳбари созмони талабагӣ” гузаронрида шуд. Дар озмун    15 роҳбарони созмонҳои талабагӣ- ғолибони даври  шаҳриву ноҳияви озмун  ширкат варзиданд. (далее…)

Олимони оянда малакаи худро санҷиданд

Тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти рақами 75 аз санаи 25 марти соли равон дар бораи ташкил ва гузаронидани сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо дирӯз дар гимназияи рақами 1-и шаҳри Конибодом беҳтарин толибилмони вилоят, аз рӯи 18 бахш дониш ва малакаи худро нишон доданд. (далее…)

Маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон”-дарёфти чеҳраҳои нав

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни мактабиён бори нахуст бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даври аввали озмуни вилоятии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» миёни мактабиён доир гардид. (далее…)

Ғолибият дар озмуни барномасозони Ҳафтаи технологияи, инноватсия ва ихтирокории ҷавонон ва наврасони ш.Душанбе

Муассисаи давлатии Маркази тенологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ш. Душанбе аз 11 то 14 апрели соли ҷорӣ “Ҳафтаи технологияи, инноватсия ва ихтирокории наврасону ҷавонон”-ро ташкил ва баргузор намунд. (далее…)

Иҷрои вазифаҳо таъхирнопазиранд

Дирӯз ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти  Раёсати маорифи вилоят дар семоҳаи аввали соли 2016, пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 5/6-10853 аз 04.03.2016 “Дар бораи бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо гардиданд” ва натиҷаи аккредитатсияи литсейи № 1 ва гимназияи № 24-и шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардиданд. (далее…)

Ҷамъбасти озмуни “Сайбер Наврӯз” — Рушди рақамӣ бо ҷавонони рақамӣ!

Рӯзи гузашта, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъбасти Озмуни “Сайбер Наврӯз”, аз тарафи муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо ҳамкории ширкати моблии Tcell баргузор гардид. (далее…)

Вохӯрии намояндагони донишгоҳҳои русия бо хатмкунандагони шаҳри хуҷанд

Дар доираи панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ. Душанбе 2016” имрӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти нахустини намояндагони 8 мактабҳои олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд доир гардид. (далее…)

Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Дар ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов сохтмони бинои иловагии кӯдакистони № 6  барои 180 нафар тариқи ҳашар ва дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен  бинои нави мактаб барои 240 хонанда аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом ёфта корҳои ободонии гироду атроф босуръат идома доранд ва рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Таҷҳизонидани муассисаҳои навбунёд аз ҳисоби маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назар аст.