Мавсими сеюми истироҳат ба охир расид

Санаи 29.01.2006 дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар минтақаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мавсими сеюми истироҳати зимистонаи мактаббачагон ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, истироҳаткунандагон, омӯзгорону волидони онҳо, мураббиёну таҷрибаомӯзон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабинии тантанавӣ доир шуд. (далее…)

Машварати директорони Марказҳои технологияи информатсиони ва коммуникатсияи вилояти Суғд

29 январи дар Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсияи (ТИК) назди Раёсати маорифи вилояти Суғд машварати директорони Марказҳои ТИК-и шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.  (далее…)

Тренингҳои омӯзиши барои омузгорони фанни технологияи иттилоотӣ

Бо дастгирии бевоситаи мақомоти роҳбарикунандаи Райёсати маорифи вилояти Суғд, баҳри иҷроиши сиёсати пешгирифтаи пешвои миллат дар тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонидани онҳо, муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Суғд «Тренингҳо барои рушд ва такмили дониши омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ»-ро дар вақти таътили зимистона ташкил намуд. (далее…)

Фаъолияти марказҳо тақвият мехоҳад

Дар маркази таҳсилоти иловагии вилоят ҷаласаи шӯро бо иштироки директорони ин ниҳод доир гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ ҷонишини директори маркази таҳсилоти иловагӣ Нурматова З.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҳбари нави Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Аъзам Ҳотамиро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас фаъолияти яксолинаи кори марказ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. (далее…)