Семинари омӯзишӣ барои муовинони сарварони мактабҳо

Соли сеюм аст, ки дар кишвар қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус тариқи Маркази миллии тестӣ ҷараён мегирад. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ санаҳои 18-20 январ 25 нафар мутахассисони соҳаи маорифро бо ҷараёни имтиҳонот ва баъзе тағйиру иловаҳои имсола ошно намуда, онҳоро аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронид. (далее…)

КМН-озмуни хирадмандону ҳозирҷавобон

Дирӯз дар кохи фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ маҳфил- озмуни хирадмандону ҳозирҷавобон – КМН 2016 доир гардид. Мақсад аз ташкили чорабинии мазкур татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ташвиқу тарғиби забони русӣ буд. (далее…)

Раҳнамои зиндагии шоиста

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд ва зиёда аз 400 нафар омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят баҳри баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ ба маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ташриф овардаанд, гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.

Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба соҳаи иҷтимоиёт, хусусан ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ва такмили ихтисоси муаллимон, истифода аз усулҳои нави таълим ва технологияҳои муосир дастурҳои мушаххас доданд.

Ин нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, кулли омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисосро ба фаъолияти созанда рӯҳбаланд гардонд. Ҷомеаи меҳнатии донишкада ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бо дарки баланди масъулият фаъолият хоҳад кард.

Муҳаммадҷон Исматдинов,
директори ФХ Донишкадаи ҷумҳуриявии
такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони
соҳаи маорифи вилояти Суғд

 

Нишасти матбуотӣ дар Раёсати маорифи вилоят

Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи 22-юми январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони 16 воситаҳои ахбори чопию электронии маҳаллӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва нашрияҳои соҳавӣ доир гардид. (далее…)

Паём- мавриди омӯзиш

Шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баробари баргузории маросими ҷамъбасти марҳилаи дуюми омӯзишӣ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасию омӯзиш қарор доданд.

Дар назди ҳозирин директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ноҳияи Б.Ғафуров Абдураҳмон Абдуҳамидов, директори донишкада Муҳаммадҷон Исматдинов ба сухан баромада, нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари давлатро шарҳ доданд.

Дар интиҳои ҷамъомад ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуданд.

Хабарнигори   «Маорифи Суғд»

Экскурсия ба Планетария

Тибқи нақшаи чорабинии барои таътили зимистона тарҳрезишуда барои 120 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и шаҳри Чкалов ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандии маркази вилоят экскурсия ташкил гардид. (далее…)

Ғолибони олимпиадаи вилоятӣ муайян гардиданд

Олимпиадаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи 13 фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, ки аз 13 то 16.01.2016 бо иштироки 825 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентии шаҳри Чкалов дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст гардид. (далее…)

Ҷамъбасти фаъолияти солонаи Раёсати маориф

15 январ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои зертобеъ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид, ки он ба ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2015 бахшида шуд. (далее…)

Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт

Субҳи имрӯз дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи фанҳои таълимӣ бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт. (далее…)