Забони давлатӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ

IMG_20191004_121535Ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар конференсия олимон ва устодони филиали донишкада ва зиёда аз 150 нафар омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи муассиса Рустамов Ш.Р. оғоз бахшида, роҷеъ ба мафҳум ва моҳияти арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забон ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон дар даврони истиқлолият, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳои маънавӣ, пуштабонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз забони давлатӣ ибрози андеша намуд. (далее…)

ДАВРИ АВВАЛ БАРГУЗОР ШУД

DSCF8841Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорат ва таҷрибаи педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланд доир карда мешавад.
Даври аввали озмуни вилоятӣ дар кӯдакистони рақами 28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ғолибони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Зафаробод аз рӯи шартҳои дониш ва маҳорати касбии мураббия, таҳлили ҳолатҳои равонӣ — педагогӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара  ва мизи мудаввар доир гардид. Ба дониш ва маҳорати иштирокчиёни даври аввали озмун ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳои воқеӣ гузоштанд. Панҷ нафар беҳтаринҳо мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври асосии вилоят роҳхат гирифта,  нафари ғолиб дар ин марҳила ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” вилояти моро муаррифӣ хоҳанд кард.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” дар вилояти Суғд

    DSCF8834Бо мақсади иҷрои Амри  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2018, № АП — 1127 ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуривии   “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”  қарори Раиси вилояти Суғд аз 18.06.2019, № 299 оид ба баргузории даври аввали озмуни мазкур ба тасвиб расид. Мақсад аз баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари Ватан, Истиқлолият, Тоҷикистон мебошад. Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии  “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”  аз 20 июн то 2 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Озмун аз рӯи номинатсияҳои ровӣ, шоирӣ,  оҳангсозӣ, навозанда: навозандаи анъанавӣ, академӣ, эстрадӣ,  сарояндагӣ: эстрадӣ, анъанавӣ, академӣ  гузаронида шуд. (далее…)

“МАОРИФИ СУҒД” ДАСТРАСИ МУШТАРИЁН ГАРДИД

   Шумораи навбатии нашрияи «Маорифи Суғд»  таҳти №13 (130 ) ва замимаи он “Дурахшандагон” №13 (93) ба нашр расид.  Дар саҳифаи аввали нашрияи маҳбуби маорифчиёни вилоят таассуроти сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва руҳияи идонаи сокинони ваҳдатшиори вилоят инъикос  ёфта,   ҳамчунин Паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст. “Аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқра” таҳти ҳамин унвон маводи Ғ. Шарифӣ рӯи нашр омадааст, ки он аз раванди хатми хонандагони вилоят бо медалҳои тилло ва нуқра нақл мекунад.
Дар саҳифаи дуюми нашрия номаи муборакбодии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ба муносибати ҷашни Истиқлолият, шеърҳои нави Анварҷон Ғафурӣ вобаста ба ватану Ватандорӣ, мақолаи Ғафурҷон Ҷӯраев аз рӯзгори ибратомӯз ва фаъолияти  доманадори омӯзгори хушсалиқа, собиқадори маориф Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев хонандагонро ошно месозад.
Гузориш аз ҷараёни машварати августӣ бо сарлавҳаи “Таҷрибаи маорифчиёни Суғд омӯхтанист”, инчунин хабари нишасти матбуотии сардори  Раёсати маорифи вилоят бо қалами Мавлуда Ҳоҷибоева, мақолаи Абдураҳим Қурбонов, мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят бо номи “Бо дарки масъулияти баланд” нашр шудааст, ки хонандагонро бо бурду бохти маорифчиёни вилоят ошно месозанд.
Дар саҳифаи чоруми нашрия маводи хонданибоби рӯзноманигори хушсалиқа Азизи Замон бо номи “Муҳаббати беҷавоб”ба нашр расидааст, ки аз рӯзгори як нафар омӯзгорзани рус, ки бо амри қисмат ба кишвари мо омаду новобаста аз гармию сардии рӯзгор дар солҳои душвори мамлакат касби худро тарк накард, нақл мекунад.  Мақолаи мазкур сабақи хубе хоҳад буд барои насли ҷавон.
Дар шумораи идонаи “Дурахшандагон” низ гузоришҳо аз ҷараёни сафари кории Пешвои муаззами миллат ва ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои  Деваштич, Ҷаббор Расулов  ва шаҳри Хуҷанд, мулоқоти озоду самимии Сарвари давлат бо кӯдакони ятиму бесаробмонда нашр шудааст.  Саҳифаҳои сеюм ва чоруми нашрия аз маводҳои ба натиҷаи дастовардҳои мактабиёи вилоят дар олимпмиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшидашуда, матолиби хонандагон дар мавзӯҳои гуногун, кроссворду дигар маводҳои фароғатӣ  фароҳам шудааст.
Мавриди зикр аст,  ки шумораҳои навбатии нашрияи  расмии Раёсати маорифи вилоят “ Маорифи Суғд ” ва замимаи он “Дурахшандагон”  хеле ҷолибу шавқовар ва бо маводҳои хонданӣ дастраси муштариёни сершумор мегардад.

Бо талошҳои пайгирона

*Ҷаласа

20190709_101614Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор гашта, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд.
Дар ҷаласаи Шӯро чаҳор масъала, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар нимсолаи аввали соли 2019, тасдиқи нақшаи кории шуъбаи зикргардида барои нимсолаи дуюми соли 2019, таҳлили рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳо ва ҳисоботи мудири бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Исфара оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти кори роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. (далее…)

Натиҷаҳо хурсандибахшанд

   DSCF8526Дирӯз дар мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони    имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд ҷаласаи  ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир ба ҷамъбасти  фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар шаш моҳи соли м2019 баргузор гардид.
Дар кори  ҷаласа муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, кормандони дастгоҳ, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Раёсати маорифи вилоят, сармутахассисони бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директорони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, мудирони кабинети методӣ иштирок карданд. (далее…)

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

ҶАЛАСА

 
20190619_090914Санаи 19. 06.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд. (далее…)

САБҚАТИ ДОНИШИ ЗЕҲНӢ

      DSCF8129Бори нахуст бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди соҳибистеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар мактаб – интернати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид. Дар он 32 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат варзиданд. Ба дониши зеҳнии шоҳмотбозон ҳайати бонуфузи ҳакамон — донандагони хуби бозии шоҳмот ҳакамӣ намуданд.
Байни писарон Шоҳҷаҳон Саидов, хонандаи синфи 6-и МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми аввалро касб намуд. Зинаҳои баъдиро Шаҳобиддин Мӯминов, хонандаи синифи 8-и МТМУ №32, шаҳри Исфара, Санҷар Ҳакимов, хонандаи синфи 8-и, Литсейи №1, шаҳри Истаравшан ва Абдураҳмон Тошхӯҷаев, хонандаи синфи 7-и МТМУ№ 5, шаҳри Исфара ишғол намуданд.
Аз байни духтарон ҷойи аввалро Рухшона Саидова, хонандаи синфи 8-и МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов ба даст овард. Зинаи дуюмро Оисаҷон Миршарофова, хонандаи синфи 9-и МТМУ№ 15, шаҳри Истаравшан, ҷойи сеюмро Шоҳсанам Ҷумъаева, хонандаи синфи 5 –и Гимназияи №5, шаҳри Истаравшан ва мақоми чорумро Озодахон Шарифова, хонандаи синфи 8-и МТМУ№ 18,шаҳри Истаравшан ишғол кард.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

    Дар 8-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология, ки рӯзҳои 19-26 майи соли равон дар шаҳри Ноидаи кишвари Ҳиндустон баргузор гардид,  21 нафар хонандагони лаёқатманд аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Б.Ғафуров ва мактаби Президентии шаҳри Бӯстон иштирок намуданд. Миёни 460 нафар хонандагон аз 16 кишварҳои ҷаҳон дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро хонандагони вилояти Суғд муаррифӣ намуданд, бо гирифтани 15 ҷойҳои ифтихорӣ,  аз ҷумла 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм  дар ҷамъбаст мақоми аввалро соҳиб шуданд.
Махсусан ҳайати ҳакамон ба дониши баланди Аҳлиллоев Улуғбек, хонандаи литсей барои хонадагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз фанни математика,  Исмоилова Дилшода, хонандаи  Гимназияи «Сафина»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фанни биология, Ҳайдаров Муҳиддин, хонандаи мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фанни биология ва Шокиров Шокирҷон, хонандаи Литсейи №1-и шаҳри Исфара аз фанни химия баҳои баланд доданд.
Маврид ба зикр аст, ки Исмоилова Дилшода аз фанни химия низ ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардид, ки ин дастоварди беназир аст. Ҳамчунин дар ин озмуни байналмилали шогирдони мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ба гирифтани 7 ҷой —  4 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи дуюм  ноил шуда, шарафи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд.
Дар ба даст овардани муваффақиятҳои хонандагони вилоят саҳми омӯзгорон — Ёдгорова Соро — омӯзгори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди  Раёсати маорифи вилоят, Сулаймонов Диловар — омӯзгори мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, Абдувоҳидова Маҳина — омӯзгори мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, ки онҳоро дар ин озмун роҳнамо буданд, хеле калон аст.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, корманди Раёсати маорифи вилояти Суғд

Афсарони ояндаи вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии «Ватанпарвар» пирӯз гаштанд

    20190518_140650Дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ – варзишии «Ватанпарвар», ки имсол дар қисми ҳарбии 02615 – и шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаи вилояти Суғд дар намудҳои вазнбардории гирӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани автомати тамғаи Калашников, бандкашӣ ва танбардорӣ сазорвари чойи аввал, дар намудҳои машқҳои сафороӣ, газетаи деворӣ сазовори ҷойи дуюм ва дар намудани  омодагии дифои ҳарбӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Тавре, ки директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Ашурматов Фирдавс иттилоъ дод, дар озмуни мазкур дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рудакӣ,  вилоятҳои Мухтори Кӯҳистон Бадахшон,  Суғд ва ду даста аз вилояти Хатлон иштирок доштанд.

     Дар ҷамъбасти даставӣ дастаи вилояти Суғд сазорвари чойи аввал,  вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон  сазовори ҷойи дуюм ва шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

    Дастаи вилояти Суғдро дар озмуни мазкур ғолиби даври вилоятии озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом шоиста муаррифӣ намуд.

    Ҳамаи ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома,  тӯҳфаҳо ва Ҷоми озмун қадрдонӣ карда шуданд.