Ба олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд

Дар массисаи давлатии таълимии литсей-интернати президентӣ барои кудакони лаёқатманди шаҳри Душанбе даври интихобӣ барои иштирок  ба даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир мегардад,  озмун баргузор гардид. (далее…)

Эътибори ҷаҳонӣ ёфтанд

Сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят торафт боло меравад. Ин аст, ки сол то сол иштироки фаъолонаи муҳассилини таълимгоҳҳо дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ афзун мешаванд. (далее…)

Хушнуд аз истироҳатгоҳ рафтанд

Дирӯз дар урдугоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» басти 5 истироҳати кӯдакону наврасон ҷамъбаст гардид. Фаъолияти истироҳатгоҳ аз 08. 06. 2016 оғоз гардида, дар 5 баст зиёда аз 1500 нафар кӯдакону наврасон таътили худро хуш гузарониданд. Аз ҷумлаи зикршуда бештар аз 600 нафар хонандагони ятими кул, ғолибони олимпиадаҷои байналмилалӣ, Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, сессияи Академияи хурди илмҷо, пешқадамони хониш ройгон истироҳат карданд. (далее…)

Дар Мастчоҳ олимпиадаи номӣ баргузор гардид

Дар мактаби №10-и ноҳияи Мастчоҳ бори аввал олимпиадаи номии вилоятии мактаббачагон ба номи омўзгори равшанзамир, зиёии эҷодкор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Муллокўчак Одиназода аз фанҳои дақиқ баргузор гардид. Дар ин олимпиада ғолибони синфҳои нуҳуми олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология ширкат варзиданд. (далее…)

Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ

Бо маысади тарғибу ташвиыи тарзи ҳаёти солим, ҷалби хонандагон ба омӯзиши Барномаи олимпӣ ва машыҳои ҷисмонӣ инчунин дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2016 таҳти №688 дар бораи гузаронидани 3-юмин Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 29.03.2016 таҳти 82 дар бораи гузаронидани 3-юмин Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят санаи 17.05.2016 даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. (далее…)

Оғози олимпиадаи хонандагони синфи 10

Дар мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 10 оғоз ёфт. Дар олимпиада ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз тамоми гӯшаву канори вилоят иштирок доранд. (далее…)

Ғолибони олимпиадаи вилоятӣ муайян гардиданд

Олимпиадаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи 13 фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, ки аз 13 то 16.01.2016 бо иштироки 825 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентии шаҳри Чкалов дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст гардид. (далее…)

Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт

Субҳи имрӯз дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи фанҳои таълимӣ бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт. (далее…)