Ғолибони олимпиадаи вилоятӣ муайян гардиданд

Олимпиадаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи 13 фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, ки аз 13 то 16.01.2016 бо иштироки 825 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентии шаҳри Чкалов дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст гардид. (далее…)

Озмун дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман”

Санаи 7 январи соли 2016 дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии расмкашӣ дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман” ташкил ва гузаронида шуд. (далее…)

Озмуни эҷодкорони наврас дар ноҳияи Мастчоҳ

Тибқи нақшаи кории Маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ озмуни ноҳиявии «Эҷодкорони наврас» гузаронида шуд. Дар он намояндагон аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия С. Азизов, Хадамоти давлати назорат дар cоҳаи маориф А. Шарипов ширкат намуданд. (далее…)

Омӯзгори сол муайян мегардад

Ҳамасола бо мақсади дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо дар мактабҳои кишвар озмуни «Омӯзгори сол» миёни кормандони соҳаи маориф барпо мегардад. Имсол низ ин тадбир роҳандозӣ шуда, рӯзи дуюм аст, ки дар гимназияи рақами 1- и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмун доир гардида истодааст. (далее…)

Беҳтарин китобхони Хуҷанд

Бахшида ба Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо дар мактаби миёнаи № 11 байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд озмуни «Беҳтарин хонандаи китобхон» дар ду давр доир гашт. Дар даври аввал 37 нафар ва дар даври дуюм 16 нафар хонандагон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. (далее…)

Фестивал-озмуни «Сапеда» идома дорад

Бомақсади вусъат бахшидан ба қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои таърихӣ, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон бахшида ба Соли рушди фарҳанг ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷ.Расулов даври минтақавии фестивал-озмуни вилоятии «Сапеда» бо иштироки ғолибони даври шаҳрӣ-ноҳиявии озмун аз шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Қайроққум гузаронидашуд. (далее…)

Озмуни «Китобхони беҳтарин» ба охир расид

Дар мактаби миёнаи № 23-и ноҳияи Б.Ғафуров байни китобдӯстони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов ва Унҷии ноҳия озмуни «Китобхони беҳтарин» аз рӯи 7 шарт: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шарҳи луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда ва аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд. (далее…)