Ҳадаф: рушд ва такомули толибилмони соҳибистеъдод

Бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар гимназияи рақами яки шаҳри Гулистон семинар-машварати сарварони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид. (далее…)

Семинар дар мавзӯи Пешгирии бемориҳои модарзодии сутунмӯҳра

Тибқи нақшаи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим» бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ санаи 17 август дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид. (далее…)

Бозомӯзӣ – кафолати рушди касбӣ

Филиали муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (ДҶТИБКСМ) дар вилояти Суғд аз санаи 01.08.16 то 13.08.16 барои шунавандагон курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик машғулиятҳои лексионӣ ва корҳои амалӣ доир намуд. (далее…)

Cеминари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон

Имрӯз дар толори Раёсати маоориф вилоят семинари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 30.04.2015, № 10/32 тасдиқ шудааст,  бо иштироки  мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. (далее…)

Семинари омӯзишӣ барои дарёфти хонандагони болаёқат

Имрӯз дар Раёсати маорифи вилоят семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташаккули малакаҳои дараҷаи баланди фикрронӣ дар низоми интерактивии таълим» бо иштироки  омӯзгорони маҳфилҳои фаннии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол баргузор гардид. (далее…)

Ҷаҳонбинии илмии хонандагонро баланд бардорем

Таҳти чунин ном дар толори ситорагии Планетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ машғулият -семинари  доимоамалкунандаи  муаллимони физика ва астрономияи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд  ташкил ва гузаронда шуд. (далее…)

Машварати директорони мактабҳо бо иштироки Раиси ноҳия

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳияи Ғончӣ, ки яке аз мактабҳои пешқадам ба ҳисоб меравад, машварати навбатии семинари доимоамалкунандаи директорони мактабҳо бо иштироки раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод доир гардид. (далее…)

Семинари омӯзишӣ барои муовинони сарварони мактабҳо

Соли сеюм аст, ки дар кишвар қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус тариқи Маркази миллии тестӣ ҷараён мегирад. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ санаҳои 18-20 январ 25 нафар мутахассисони соҳаи маорифро бо ҷараёни имтиҳонот ва баъзе тағйиру иловаҳои имсола ошно намуда, онҳоро аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронид. (далее…)

Сарварони мактабҳо маҳорати роҳбарӣ меомӯзанд

Тавре ки қаблан иттилоҳ дода будем, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 14 рӯз дар истироҳатгоҳи солимгардонии ба номи 20- солагии Истиқлолият сарварони мактабҳои 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят ба семинари омӯзишӣ ҷалб гардида буданд. (далее…)