Дар Мастчоҳ олимпиадаи номӣ баргузор гардид

Дар мактаби №10-и ноҳияи Мастчоҳ бори аввал олимпиадаи номии вилоятии мактаббачагон ба номи омўзгори равшанзамир, зиёии эҷодкор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Муллокўчак Одиназода аз фанҳои дақиқ баргузор гардид. Дар ин олимпиада ғолибони синфҳои нуҳуми олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология ширкат варзиданд. (далее…)

18 нафар соҳиби сертификат гаштанд

28-29 майи соли ҷорӣ  дар мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 2-и шаҳри Хуҷанд барои 28 нафар довталабони Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Воронежи Федератсияи Русия ба номи Императори Петр-1 озмун доир гардид. Намояндагони Донишгоҳ довталабонро аз санҷиши тестӣ ва шифоӣ гузарониданд. Дар натиҷа ба 18 нафари онҳо барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи мазкур тавсия дода шуд.

Мусобиқаи байналмилалии футбол таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст”

Дастаи футболбозони тарбиятгирандагони мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои  кӯдакони ятиму бепарасторон ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Бӯстон  дар мусобиқаи кушоди бозии футбол байни дастаҳои мактаб-интернатҳо ва хонаҳои бачагони вилоят таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” дар марҳилаи якӯм ғолиб омада 14-15 апрел дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ ҷои якумро ишғол намуд. (далее…)