Дар мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 10 оғоз ёфт. Дар олимпиада ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз тамоми гӯшаву канори вилоят иштирок доранд. (далее…)
Дар мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 10 оғоз ёфт. Дар олимпиада ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз тамоми гӯшаву канори вилоят иштирок доранд. (далее…)
Озмуни ҳарбию варзишии “Сипар” ҷамъбаст гардид. Дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд даври минтақавии вилоятии озмуни ҳарбию варзишии “Сипар” ҷамъбаст гардид. Дастаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ дар озмун аз рӯи 11 намуд мусобиқаҳои варзишӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. (далее…)
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳияи Ғончӣ, ки яке аз мактабҳои пешқадам ба ҳисоб меравад, машварати навбатии семинари доимоамалкунандаи директорони мактабҳо бо иштироки раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод доир гардид. (далее…)
Таи як ҳафта кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят бо хатмкунандагон доир ба «Низомномаи нави қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар барои солҳои 2016-2020» вохӯриҳо доир намуданд. (далее…)
Силсиламулоқотҳои сарварони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру навоҳии вилоят бо баргузории мулоқоти озод бо хатмкунанлагони шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт. (далее…)
Дар ҳошияи дастури Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти роҳбарони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагон идома дорад. (далее…)
Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки имрӯз доир гардид, як қатор масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла риояи қатъии интизоми меҳнат, ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба, ба роҳ мондани аудити дохилӣ ва назорати қатъии истифодаи мақсадноки маблағҳо, назорати сифати корҳои таъмирию ободонӣ, омодагии ҳаматарафа ба олимпиадаи вилоятии хонандагони синфи 10, даври ҷумҳуриявии олимпиада ва иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, таҳия ва таҳлили маълумоти омории ҳармоҳа оид ба ҷиноятсодиркунии хонандагон, таҳияи нақша- чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва ба роҳ мондани корбарӣ аз рӯи он, истифодаи босамари имкониятҳои воситаҳои ахбори омма дар самти инъикоси фаъолияти маорифчиён, ҳамкории пурсамар бо сомонаи интернетии Раёсати маорифи вилоят, баланд бардоштани сифати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони пешқадам ва ботаҷрибаи маҳаллӣ ва мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ҷиҳати омӯзонидани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои босамари таълими забонҳо, ташкили ҳашару шанбегиҳо бо мақсади ободонӣ, тайёрии ҳамаҷиҳата ва таъмини ширкати фаъолонаи аҳли маориф дар чорабиниҳои ҷашнии «Фестивали лола», «Сайри лола» ва «Карнавали наврӯзӣ», истифодаи босамари соати захиравӣ ва дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, идома додани анъанаи гузаронидани Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. (далее…)
Дар санаи сеюми феврали соли 2016 дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохурии маорифчиён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия инчунин намояндагони кумитаҳои волидони деҳоти ноҳия, бо сармуттахассиси Шӯъбаи кадр ва корҳои махсуси раёсати маорифи вилояти Суғд Зокиров Раҳматхоҷа Сангинхоҷаевич баргузор гардид. (далее…)
Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон мулоқоти озоду шаффофи намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳри саноатӣ баргузор шуд. (далее…)
Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти сарварони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳо идома дорад. (далее…)